Дуздон ба даст афтодан

Бино ба иттилои ВКД ба мақомоти милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 12-уми майи соли 2017 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз автомашинаи шахсиаш тамғаи “Камаз-53215”, ки дар дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб гузошта буд, 7-адад чарх ва қисмҳои эҳтиётии автомашинаи мазкурро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷиноятии дуздии мазкур ду нафар марди 28 ва 33-солаи сокинони ноҳияи Айнӣ дастгир гардиданд.

Ҳамчунин, вобаста ба дуздии моликияти шахсии зани 56-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 31-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, ки пеш бо моддаҳои 249, 244, 195 ва 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир гардид.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда 17-уми ноябри соли 2015, тахминан соати 14:30-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 1 ҳазору 700 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *