Баха-84 дар бораи оғози рэп, “хит”-ҳо, “баттл” ва хоксорию такаббур

Рэпсарои маъруфи тоҷик Баха-84 ва шоумени шинохта Макс Қосимов ҳафтаи гузашта меҳмони барномаи “Салом, Ҳамсадо”-и радиои “Ҳамсадо” шуданд ва мусоҳибаи мазкур дар саҳифаи ютубии радио нашр гардид.

— Вақте дидам, ки муштзани машҳур Рой Ҷонсон дар муҳорибаҳо бо мусиқиҳои худаш мебарояд, ҳавасам омад, ки бояд чунин шавам. Хуллас, чанде пас матн навиштам ва ба студия рафтам. Коргардони овоз гуфт, он чизе, ки хондам, рэп нест. Пасон ба радиои “Ватан” рафта, ҳамчун ёвари коргардони овоз ба кор даромадам. Дар радио дар муддати се моҳ коргардони овоз шудам, вале шабҳо вақте ки эфир холӣ буд, рэп мехондам. Оҳиста-оҳиста рэпсаро шудам,- гуфт дар аввали суҳбат Баха-84.

Чун ҳоло рэпсароён аз рекламаҳои “Инстаграм” пули хуб меёбанд, Баха-84 дар ин бобат дигар чиз гуфт: “Замоне ки рэпро нав оғоз карда будем, пули хуб меёфтем. Ҳарчанд рэпҳо “хит” мешуданд, ҳамон қадар ташкилкунандагони консертҳо зиёд мешуданд. Яъне, даромади мо танҳо аз консертҳо буд, на аз реклама, на аз тӯй ва ғайраҳо”.

Рэпсаро дар мавриди “баттл” ва иштирок дар ин навъи рэп фикрашро чунин баён кард:

— Аслан, “баттл” нафаре бояд барояд, ки асабҳояш ором бошанд ва ба ҳар гапи ҳарифаш тоқат карда тавонад. Дуюм, бояд ду “баттлер” бо ҳам мувофиқ бошанд. Яъне, як кас чанд маротиба ҷоизаи “Суруди сол” гирифтааст, Аълочии фарҳанг аст, майдонҳоро пур аз мухлис кардааст, бояд бо нафаре “баттл” барояд, ки ӯ ҳам чунин бошад.

Ҳамчунин, Баха-84 дар бораи бемории “ситорамания” гуфт, ки баръакси бархеҳо пас аз шинохта шудан, нисбатан хоксор шуд. Ӯ айнан чунин мегӯяд: — Мебинем, ки баъзеҳо баъди машҳур шудан муносибаташон бо мардум тағйир меёбад, вале ман ин тавр нашудам, зеро он замон тамоми меҳнатро худам мекардам ва қадри меҳнатро хуб медонистам. Ҳоло бошад, барои як нафар чанд нафари дигар кор мекунанд ва ӯ аз меҳнату заҳмат бехабар ки ҳаст, ботакаббур мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *