Қаҳрамони IBF. Шавкат Раҳимов кист?

Тоҷикистон бори дигар дар сархати расонаҳои хабарии ҷаҳон қарор гирифт. Ин навбат муштзани тоҷик Шавкат Раҳимов камарбанди қаҳрамони ҷаҳон дар мусобиқоти IBF-ро дар вазни 59 кг соҳиб гашт.

Раунди 9-ум

Шавкат Раҳимов барои дарёфти қаҳрамонӣ дар созмони маъруфи IBF ҳарифаш аз Бритониё Зелфа Барретро ба тариқи нокаут шикаст дода, қаҳрамонии ҷаҳон дар созмони  IBF-ро ба даст овард. Барои тоҷикон ин дастовард бесобиқа аст. Чун бокс яке аз сермухлистарин намуди варзишест, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дорад.

Ин мусобиқа 5-уми ноябр дар варзишгоҳи Этиҳади Абу-Даби баргузор гардид. Шавкат Раҳимов аз тими “Архангел Михаил” ба майдон баромад ва Тоҷикистонро намояндагӣ мекард.

Пештар қарор буд Шавкат бо Ҷо Кордина мубориза барад. Аммо чанд ҳафта пеш аз вохӯрӣ Кордина дасти чапашро шикаст ва Баррет розӣ шуд, ки бо ӯ ба майдон барояд. Рақобати онҳо дар 9 раунд давом кард. Шавкат як маротиба ба замин афтод, вале нишон дод, ки ба ӯ чизе нашудааст ва рақобатро давом медиҳад. Сипас ҳарифро гирди давра чарх занонда, ба ӯ зарба зада, беҳол кард. Бо ҳамин, дар раунди 9-ум ҳарифро аз пой афтонд.

Шавкат Раҳимов як маротиба барои камарбанди IBF бар зидди Ҷозеф Диас рақобат карда буд ва вохӯрии онҳо мусовӣ анҷом ёфту аз камарбанд маҳрум монданд.

Бояд зикр намуд, ки камарбанди IBF яке аз ҷоизаҳои баландтарин дар бокси ҳирфаӣ ба шумор меравад. Ин созмон соли 1983 дар Амрико таъсис ёфтааст.

Руҳи бешикаст

Шавкатҷон Шокирович Раҳимов 14-уми августи 1994 дар шаҳри Бохтар ба дунё омадааст. Ӯ қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, ғолиб ва ҷоизадори бисёр мусобиқоти байналмилалӣ дар байни ҳаваскорон мебошад. Шавкат қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба IBO (2017-2019) низ мебошад.

Ӯ аввалин бор дар арсаи байналмилалӣ дар мавсими соли 2011 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон дар Остона баромад карда буд. Соли 2013 дар вазни 1-ум дар шаҳри Душанбе ғолиби қаҳрамонии Тоҷикистон шуд. Боре дар ҳайати асосии дастаи мунтахаби Тоҷикистон барандаи медали нуқраи Ҷоми Губернатор дар шаҳри Санкт-Петербург шуд.

Шавкат кӯшиш кард, ки ба Бозиҳои Олимпии тобистонаи соли 2016 дар Рио-де-Женейро роҳ ёбад, аммо дар мусобиқаи интихобии ҷаҳонии олимпӣ дар Боку ноком шуд.

Раҳимов барои расидан ба ҳадафҳои дар назди худ гузошта моҳи декабри соли 2015 дар сатҳи ҳирфаӣ аввалин бозии муваффақ анҷом дод. Вай дар Русия, асосан дар Екатеринбург ва Челябинск муштзанӣ карда, бо ширкати Урал Герман Титов RCC Boxing Promotions шартнома баст.

Моҳи ноябри соли 2016 ӯ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии бокс (WBO) унвони қаҳрамони байни қитъаҳои ҷавононро дар вазни дуюм ба даст овард.

Шавкат Раҳимов ҳоло дар шаҳри Екатеринбурги Русия зиндагӣ мекунад ва тамринҳои худро онҷо мегузаронад. Мураббии у Николай Попов мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *