Бахтиёр Ҳамдамов: Рӯзе,ки рамзи садоқату эҳтиром аст

Дар таърихи башарият борҳо собит шудааст, ки мардум ба хизматҳои арзишманди  Пешво, Роҳбар ва Роҳнамои худ, ки миллатро аз хатари маҳвшавӣ наҷот дода, барои наслҳои оянда давлати пойдору устуворро мерос мондааст, арҷ гузошта, номи ӯро дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарҳалӣ навиштаанд. То ҷаҳон поянда аст ин ҳарфҳои носутурданӣ дар авроқи таърих ҷовидона хоҳад монд.

Ҳамин муҳаббату ихлоси мардумӣ буд, ки имрӯз миллати мо Рӯзи байналмиллалии Куруши Кабирро ҷашн мегирад ва аз сулолаи Сосониҳову Сомониҳо бо ифтихор ёд мекунад. Ҳамин муҳаббату самимият буд, ки мардуми сипосгузори рус хизматҳои Пётри Кабирро, ки миллаташро аз вартаи ҷаҳолати асри вусто наҷот дода, роҳ ба ҷониби Аврупои мутамаддин кушод, тақдир мекунанд. Ҳамин садоқату эҳтиром аст, ки аз 22 феврали 1880 ин ҷониб мардуми Амрико рӯзи нахустпрезиденти худ, қаҳрамони ҷабҳаи истиқлолият Ҷорҷ Вашингтонро бо шукӯҳу тантана таҷлил менамоянд.

Хушбахтона, дар кишвари мо низ бо қарори Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр рӯзи баргузории Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки пояҳои устувори давлатдории навини тоҷиконро асос гузошт, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Чаро ки дар ҳамин рӯзи муборак ва дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз зимоми давлати пароканда ва роҳнамоии миллати парешони тоҷикро Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар мо Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифт ва онро аз вартаи маҳвшавию бесуботӣ наҷот дод.

Итминон дорам, ки ин рӯзи муқаддас — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо, ҳамчун рамзи садоқату эҳтиром ба хизматҳои арзандаи Пешвои миллат, бо як самимият хоса аз ҷониби мардум истиқбол хоҳад ёфт.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тантанаи ваҳдату ҳамдилии миллат аст, барои ҳар яки мо муборак бод!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *