ВКД: Нақлиётатонро ба зимистон омода кунед!

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ба диққати шаҳрвандон, алалхусус, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли равон пастшавии ҳарорати ҳаво ва боришоти зиёди барфу борон дар қаламрави кишвар дар назар дошта шудааст.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ аз тамоми ронандагон хоҳиш мекунад, ки «воситаҳои нақлиёти худро барои истифода дар фасли зимистон омода намоянд. Инчунин ба ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки тавассути ағбаҳо ва минтақаҳои мушкилгузар ҳаракат менамоянд, тавсия дода мешавад, ки бо худ таҷҳизоти иловагии зидди лағжиш, яъне занҷир, болиштаки зидди лағжиш ва аломати исти садамавӣ дошта бошанд».
Ба таъкиди Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ, хуб мешуд шаҳрвандону ронандагон бе зарурат дар ин рӯзҳо ба сафар набароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *