Бахтиёр Иброҳимовро андоз ҷарима кард

Мақомот Бахтиёр Иброҳимовро барои овозхонии бе патент дар тарабхона айбдор мекунанд.

Бахтиёр Иброҳимов раҳбари гурӯҳи эстрадии «Гулшан» ҳар шом дар тарабхонаи «Помир Лабиринт» бидуни шартнома бо соҳиби тарабхона ва бидуни патент ҳунарнамоӣ карда даромади муайян ба даст меовард. Ӯ фаъолияти соҳибкории худро аз рӯи патент 30 декабри соли 2017 қатъ намудааст, аммо ҳар шом дар тарабхонаи мазкур ҳунарнамоӣ намуда, даромади муайян ба даст меорад. Бахтиёр Иброҳимов таъсисдиҳандаи гурӯҳи созиву овозии «Бахт» аст. Иброҳимов бештар аз 5 сол аст раҳбарии гуруҳи эстрадии «Гулшан»-ро ба душ дорад. Бар асоси омори Кумитаи андоз то якуми августи соли 2018 дар мақомоти андоз ҳамагӣ 1825 нафар аз рӯи фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, сабти овоз ва сабти ҷашну маъракаҳо ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *