Мактуби Шукрона падарашро ба СИЗО бурд

Дар деҳаи Ҷарғурғони шаҳри Истаравшан дар давоми се моҳ модару духтари ҷавон ҳарду бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ заданд. Ин ҳодиса ҳар шунавандаро ба риққат меоварду водор мекард, ки сабаби аз ҷони ҷавони худ сер шудани модару духтар- Фарида ва Шукронаро бифаҳмад.

 Худро қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани  модари 5 фарзанд-Фарида Набиева дар арафаи ҷашни Наврӯз буд. Ба гуфти хушдомани ҷавонзан Гулсун Исмоилова то ҳол ба худкушӣ кардани  келину наберааш бовараш намеояд:

-Дар тамоми оила ҷангу муноқиша ҳаст. Ман ҳам сари сиёҳамро бо дидани неку бад ва пасту баландиҳои зиндагӣ сафед кардаам. Аммо дар давоми ҳамагӣ се моҳ як не ду фалокат ба сари оилаамон омаданаш сиҳатии маро аз ман рабуд. Аз рӯзи даст ба худкушӣ задани келинам-Фарида, ки ба ҷои Наврӯзи аҷамро пешвоз гирифтан  мотамдору азодор шудем бо таъсири доруву сӯзандору ба пой гашта будам. Хоҳарзодаамро, ки келин карда будам,  Фарида танҳо келин не, балки духтар низ буд.

Захми марги келинам шифо наёфта набераи ҳамқади модараш бо роҳи модар рафт  ва  дар як дами набуданам худовезӣ кард. Набераам  пеш ин амалро кардан дар қоғазе навиштааст…

Дар коғаз чи навиштани марҳум, кӣ модару духтарро ба худкушӣ расониданаш, аз кадом ҳисоб рӯз гузаронидани марҳумон, чӣ шудани тақдири 4 фарзанди дигари Фарида ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти онҳоро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

                                                                                                                                                 Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *