Бахтиёри Қутбиддин: Матбуот ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад

Имсол аз таъсисёбии нахустин факултети рӯзноманигорӣ дар кишвар — факултети журналистикаи ДМТ 30 сол пур мешавад. Дар тӯли 30 сол ин боргоҳ ҳазорон нафар кадрҳои рӯзноманигорӣ тарбият намудааст, ки имрӯзҳо дар ВАО-и кишвар фаъолият доранд. Ба ин муносибат суҳбате доштем бо декани факултети журналистикаи ДМТ, доктори илмҳои филологӣ Бахтиёри Қутбиддин.

30 соли факултет

— Имсол аз таъсиси факултети журналистикаи ДМТ 30 сол пур мешавад. Ин санаро чӣ гуна таҷлил мекунед?

— Албатта, дар доираи маҳдуд ва хурде аз ҷониби ҳама устодон талош карда мешавад, ки бо баҳонаи 30-солагии факултет баъзе нақшаву корҳо амалӣ анҷом дода шаванд. Чӣ омодагӣ дорем? Ин ягон ҷашни васеъ нест ва танҳо як эҳсоси рамзӣ ва эҳтиром барои онҳоест, ки замоне аз ин ошён боли парвоз кушодаанд. Гузаронидани як мизи мудаввар доир ба таҳсилоти журналистӣ дар назар аст. Омодагиҳои аслии мо корҳои эҷодӣ мебошанд. Аз нав нашр кардани таърихи фишурдаи кафедраҳо, баъзе таъмиру тармимҳо ва ба ифтихори ин солгард ба факултет даъват намудани баъзе устодони соҳаву хатмкардаҳои факултет низ дар назар аст.

— Оморе вуҷуд дорад, ки то имрӯз факултет чӣ қадар кадри журналистӣ омода кардааст?

— Ҳудуди 5000 нафар.

— Факултети журналистика дар заминае таъсис ёфт, ки адабиёти илмӣ ва дастурамалҳои таълимӣ дар кишвар мавҷуд набуд ва дар оғоз аз қолабҳои боқимондаи шӯравӣ истифода мешуд. Ҳоло факултет то чӣ андоза бо дастурамалҳои соҳавӣ таъмин аст?

— Дуруст аст, ки дар оғози солҳои навадум ҳама чиз аз нав коркард мешуд. Заминаи он дар доираи кам ҳам бошад, ба назар мерасид. Ягона китоб, ки аксар самтҳоро фаро мегирифт, “Журналистикаи советии тоҷик” (соли 1989) буд. Имрӯз бошад, факултет аллакай собиқадор аст ва теъдоди адабиёту дастурамалҳо ва барномаву нақшаҳои тақвимӣ садҳо ададро ташкил медиҳанд.

Матбуот аз байн меравад?

Журналистикаи имрӯзаи тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ менамоед? Оё талаботи имрӯзаи ҷомеаро қонеъ сохта метавонад?

— Дар замони шӯравӣ як қолабу шакл (ВАО-и ҳизбӣ) вуҷуд дошт. Теъдоди расонаҳо низ кам буданд. Имрӯз интихоб барои аудитория ниҳоят васеъ аст ва шумораи журналистону расонаҳо зиёд гардиданд. Дар ҳама давру замон журналистика дар қолабу шаклҳои гуногун вазифаи худро, ки инъикосу ташхиси набзи замон аст, иҷро менамояд. Журналистикаи замони истиқлол рисолатҳои бузургеро ба анҷом расонд, ки меҳвари аслии онро тарғибу таҳкими ваҳдату ҳамгироӣ ташкил медиҳад.

Имрӯз омма мафҳуми “озодии баён”-ро ҳар гуна қабул мекунанд. Аслан, “озодии баён” чист?

— Озодии баён мафҳуми нисбӣ аст. Ҳарчанд дар кишварҳои зиёди ҷаҳон сензура нест ва озодии баёнро таъмин кардан хоҳанд ҳам, ҳеҷ гоҳ озодии мутлақ ба миён намеояд. Ҳар як расона ҳатман ҳамбастагиву тобеият ба чизеву касе дорад, ки самти фаъолияташро ин «чизеву касе» (сармоя, соҳа, муассис ва ғайра) муайян менамояд. Ҳамин ҷиҳат аллакай масъалаи озодии баёнро лағв месозад. Мафҳуми озодии баён хеле печидаву мураккаб низ ҳаст. Ин озодӣ маънои таҳқиру ба иззати нафси касе расиданро надорад. Ҳама чизро дар ҷомеаи демократӣ гуфтан мумкин аст, агар он дар доираи қонун бошад. Ҳама чизро баён кардан мумкин аст, агар он манфиати иҷтимоӣ дошта бошад. Озодии баёнро муқобили манфиати иҷтимоӣ истифода кардан бошад, бадтарин хиёнат аст. Омилҳои таҳдидкунанда ба ин озодӣ сензура ва худсензура мебошад. Манфиатҳои фардӣ низ ба ин озодӣ таҳдид карда, журналистикаи бардагиро ба вуҷуд меорад.

— Бархе бар онанд, ки дар ояндаи наздик матбуот аз байн хоҳад рафт ва ҷои онро интернет мегирад. Шумо доир ба ин чӣ гуфтан мехоҳед?

— Матбуот ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад. Шояд шакли он дигар шавад ва эҳтимолан шакли классикии нашр (қоғаз) маҳдуд гардад. Он чизе, ки дар саҳифаҳои матбуот имрӯзу дирӯз вуҷуд дошт, фардо низ боқӣ мемонад. Интернет ҳамчун дастоварди охири инсоният ҳеҷ гоҳ инкор намешавад. Унсурҳои журналистие, ки дар он имрӯз мушоҳида мешаванд, бештар журналистикаи носуфтаи хиёбонӣ аст, ки касе масъули он нест. Матбуот муваззаф аст, ки ҳамеша каломи намунаву ибратбахшу судмандро пешниҳоди ҷомеа намояд. Матбуот бо пешрафти замон ҳамқадами он мешавад ва худро ба равиши замона мутобиқу мувофиқ месозад. Дуруст аст, ки имрӯз ҷомеа мутеъ ва шефтаи маълумоту иттилоот гардидааст. Аммо як рисолати бузурги матбуот, ки хосияти маънавӣ доштани он аст, ҳамеша барои аҳли башар мондагор мебошад. Ахбори сарозери муътамаду номуътамади интернетӣ рӯзе ин ҷомеаро хаста менамояд ва ҳатман ҷомеаи башарӣ барои пешрафту таҳаввулоти маънавӣ ба матолиби матбуот такя менамояд.

— Саҳми журналистонро дар ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

— Ҷомеаро журналистика нерӯ мебахшад. Имрӯз журналистони мо дар ин роҳ аз равзанаҳои гуногун таъсиргузорӣ намудан мехоҳанд. Гумон мекунам, ки ҷомеа низ бояд бо назардошти манфиатҳои милливу иҷтимоӣ инкишоф ёбад.

Истеъдод дар ҷойи аввал

Устод Воҳид Асрорӣ гуфта будаанд, ки “журналистика барои духтарон нест!”, вале имрӯз ба назар мерасад, ки наздик ба 60 — 65 дарсади донишҷӯёни факултет духтарон ҳастанд. Шумо ба ин гуфтаҳо аз нигоҳи имрӯза чӣ назар доред?

— Аз забони устод Воҳид Асрорӣ ин андешаҳоро мешунидем. Дар ҳақиқат барои бонувон журналистика андаке душвориҳо дорад ва дар вобастагӣ ба расму таоруфи миллии мо барои бонувон баъзе ҷузъиёту монеаҳоро истисно намедонем. Ҷои бадӣ надорад, агар имрӯз дар журналистика бонувон бештар бошанд.

Барои донишҷӯе, ки дар ҳақиқат журналист шудан мехоҳад, чӣ лозим аст? Яъне, бояд чӣ кор кунад?

— Барои журналист шудан чӣ лозим аст? Дар навбати аввал то як андоза журналистика истеъдоду ҳунар аст ва агар дар замири фард оташаке аз ин ду набошад, журналист шудан хеле мушкил аст. Мухбир шудан мумкин аст, аммо мухбир аз журналисти соҳибзавқи ҳамабин дар фосила қарор дорад. Ба ҳар сурат, ҷавоне, ки ба ВАО робитаи зич дорад ва аз мутолиаи пайваста дур нест, аз олами журналистика бебаҳра намемонад. Ҷавоне, ки китоби бадеӣ намехонад ва аз набзи иҷтимоӣ дар доираи маводи васоити ахбор огаҳ намебошад, ҳеҷ гоҳ журналист шуда наметавонад.

Мусоҳиб: Идибеки САИД

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ ЖУРНАЛИСТИКА

Факултети журналистика зодаи истиқлолияти Тоҷикистон аст. Соли 1992 дар асоси қарори Шӯрои олимони ДМТ дар заминаи шуъбаи журналистика ва гуруҳи ихтисоси тарҷумонии факултети филологияи тоҷик факултети журналистика ва тарҷумонӣ ташкил шуд. Аммо заминаҳои он ҳанӯз солҳои 60-уми асри 20 бо ташкили шуъбаи журналистика гузошта шуда буд. Соли 1966 бо ташаббуси ректори донишгоҳ Солеҳ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов ва Мукаррама Набиевна Қосимова шуъбаи журналистика ташкил шуд. Дар бунёд ва рушди факултети журналистика заҳмати нахустдекани он, профессор И. Усмонов хеле зиёд аст. Ҳамчунин, аҳли факултет хотираву заҳмати устодони ҷовидном Воҳид Асрорӣ, Хоҷабек Зулфиқоров, Давлатбек Давроновро, ки то рӯзҳои охири умр аз таълиму тарбияи шогирдон дур нашуданд, ёд доранд.

Соли 1971 бинобар мутобиқат накардан ба феҳристи ихтисосҳои иҷозатдодаи Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ИҶШС шуъба баста шуд. Сипас, соли 1987 бо таъсири насими бозсозӣ шуъбаи журналистика аз нав ташкил шуд, ки асоси факултет гардид. Факултети журналистика манбаи асосии тайёр кардани кадрҳо барои ВАО аст. Имрӯз аксари роҳбарону кормандони эҷодии ВАО-и кишвар дастпарварони ин боргоҳанд.

Имрӯз факултет дорои панҷ кафедра аст: матбуот, телевизион ва радиошунавонӣ, журналистикаи байналхалқӣ, услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, забонҳои хориҷӣ. Дар факултет 52 нафар устодон (аз ҷумла 9 нафар докторони илм, профессорон, 27 нафар номзади илм, дотсентон, 7 нафар муаллими калон, 10 нафар ассистентон) фаъолият мекунанд. Ҳоло факултет аз рӯйи 6 ихтисос: ихтисосҳои журналистика, журналистикаи байналхалқӣ, умури нашриёт (корманди адабӣ), иттилоот ва робита, журналист-тарҷумон, WEB-рӯзноманигорӣ мутахассисонро тайёр мекунад. Соли 2014 дар ихтисоси журналистика гуруҳи русӣ ташкил карда шуд, ки ихтисосмандонро бо забони русӣ омода мекунад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *