Донишҷӯёни ДБССТ имкони идомаи таҳсил дар Малайзияро пайдо карданд

70 нафар донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи Ситии Малайзия барои омӯзиш фиристода мешаванд.

Тавре Pressa.tj  иттилоъ пайдо кард, 14 декабри соли равон намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори ин муассисаи олӣ Убайдулло Асрорзода ба Донишгоҳи Ситии Малайзия ташриф оварда, масоили мубрами ҳамкориро ба миён гузоштаанд.

“Дар ҷараёни мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода бо  ректори Донишгоҳи Ситии Малайзия, профессор Мустафа Ҳалабӣ бин Азаҳарӣ масоили вобаста ба табодули академии донишҷӯён, ташкили такмили ихтисоси омўзгорон, ташкили барномаҳои таҳсилотии муштарак, даъвати профессорон ба муассиса, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин, гузаронидани таҳқиқоти муштараки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ  мавриди муҳокима қарор гирифтанд”, — иттилоъ доданд аз ДБССТ.

Ҷонибҳо  ба мувофиқа расидаанд, ки дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 50 нафар донишҷӯёнро ба табодули академӣ ва 20 нафар омӯзгоронро ба курсҳои такмили ихтисос дар самтҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, молия, муносибатҳои байналмилалӣ сафарбар намояд. Инчунин, масъулини Донишгоҳи ситии Малайзия омодагии хешро ҷиҳати баргузории машғулиятҳо тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ иброз намудаанд.

Убайдулло Асрорзода низ омодагии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ҷиҳати қабули 50 нафар донишҷӯён ва 20 нафар омӯзгорон аз Донишгоҳи Ситии Малайзия дар доираи барномаҳои табодули академӣ изҳор намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *