Байден қарорҳои Трампро бекор кард, маҳдудият ба воридшавии мусулмонон бекор шуд
Маҳдудиятҳо барои вуруд аз як қатор кишварҳои мусалмонӣ ба Амрико бекор карда шуданд.
Тайи як соати аввали кораш дар Кохи Сафед, президенти ИМА Ҷо Байден бо имзои фармонҳои дахлдор як қатор қарорҳои пешгузаштаи худ Доналд Трампро бекор кард. Аз ҷумла, Байден фармонҳо дар бораи бозгашти Иёлоти Муттаҳида ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ва Созишномаи Париж дар бораи иқлимро имзо кард.
Ғайр аз он, ӯ амр дод, ки сохтмони девор дар марз бо Мексика қатъ карда шавад ва маҳдудиятҳо барои вуруд аз як қатор кишварҳои мусалмон бекор карда шаванд. Ҷо Байден рӯзи 20 январ савганд ёд кард.Ӯ 46-умин Президенти Иёлоти Муттаҳида шуд. Дар ин маросим ноиби президенти истеъфоёфта Майк Пенс, президентҳои собиқ Ҷорҷ Буш, Барак Обама ва Билл Клинтон ҳамроҳ бо ҳамсаронашон ширкат варзиданд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ