Байден қолинҳои Қасри Сафедро бо 44 ҳазор доллар шустанист
Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден ба нақша гирифтааст, ки пас аз рафтани Доналд Трамп, қолинҳоро дар Кохи Сафед тоза кунад. Байден барои тоза кардани қолинҳо 44 ҳазор доллар (беш аз 3,2 миллион рубли русӣ) харҷ карданист. Дар ҳуҷҷатҳо ин амалиёт таҳти руихати алоҳида зери унвони «Тозакунии гилеми № 1” сабт шудааст. Ҳоло маълум нест, ки қолинҳо танҳо дар баъзе хонаҳо Қасри Сафед ё дар ҳамаи 132 хонаи истиқоматӣ тоза карда мешаванд. Аммо то ҳол Трамп Байденро «президенти қалбакӣ» меномад. Вай чунин мешуморад, ки овоздиҳиро дар иёлотҳо танҳо бо интихоботи пешвоёни кишварҳои ҷаҳони сеюм муқоиса кардан мумкин аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ