Барқи тоҷик: Нархи барқро 15 % баланд кунед!

“Барқи тоҷик” ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудаст, ки нархи тарифи барқ ва гармӣ баланд бурда шавад. Агар аз ҷониби ҳукумат нархи нав тасдиқ гардад, барои аҳолӣ 1 киловатт неруи барқ 19,37 дирам хоҳад буд. Муовини аввали сардори Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон Назар Одиназода гуфт, ки барои таҳқиқи масъалаи пешниҳод намудаи  «Барқи тоҷик» гурӯҳи корие таъсис дода шуд, ки фаъолияти хоҷагидории энергохолдингро мавриди таҳлил қарор дод.

Қарзи «Барқи тоҷик боз 50 млн доллари дигар зиёд шуд

Ӯ гуфт: «Дар натиҷаи таҳлилу баррасӣ гузориш ба ҳукумат омода ва пешниҳод шуд. Мувофиқи гузориши пешниҳодшуд якчанд вариантҳо дар назар аст. Мутобиқи яке аз варинатҳо баланд бардоштани тарифҳо ба нерӯи барқ ва гармӣ ба андозаи 15% пешниҳод мешавад»

Зимнан илова шуд, ки қабули қарори ниҳоӣ дар мавриди ин масъала дар салоҳияти ҳукумати кишвар аст.

Нархи барқ боз қимат мешавад

 Дарсолҳои пешин тарифҳои  тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон қариб ҳар сол барои ҳамаи дараҷаҳои истеъмолгарон, ба ҷуз Ширкати алюминии тоҷик боло бурда мешаванд. Ахиран тарифҳо аз 1 октябри соли 2017 тағйир ёфта, айни замон аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ 16,85 дирам маблағ пардохт мекунад.

Нархи барқ 15% боло мераваду камбағал зарар намебинад?

Тарифҳо барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ — 40,99 дирам, истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ — 16,85 дирам, пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ — 5,86 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 16,85 дирам (аз 1 октябр то 31 март) ва барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ — 5,8 дирамро ташкил медиҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *