Таъиноти кадрӣ дар шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд

Бо қарори  раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 16 июли соли равон мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхӯҷаева таъин гардид.
Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки Муҳайё Акмалхӯҷаева 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро бо ихтисоси муаллимаи фанни математика, информатика ва техникаи ҳисоббарор хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 ҳамчун омӯзгори фанни математика ва информатика дар МТМУ №16 оғоз намуда, аз 1 сентябри соли 1997 ба тариқи гузариш дар гимназияи №3 фаъолияташро идома мебахшад. Аз октябри соли 2008 то январи соли 2009 дар вазифаи директори гимназияи №3 фаъолият мебарад. Сипас фаъолияташро дар муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии «Паймони азизон» идома дода, аз моҳи октябри соли 2009 то таъин шудан ба мансаби мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *