«Баракат» дар хонаи шумо

Ҳар саҳар аз қанди сафеди тамғаи “Баракат” истеъмол мекунем, чӣ қадар таъм ва лаззати нотакрор дорад. Тамғаи“Баракат” – е, ки ҳар саҳар ба хонаи мову шумо файзу баракат меорад.

Сехи истеҳсол ва борҷоманамоии маҳсулоти хӯроквории тамғаи“Баракат” 5 – уми июни соли 2008 дар Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва то инҷониб фаъолият дорад, ки 10 сол пур мешавад. Қанди сафед маҳсулоти аввалини истеҳсолоти ин сех мебошад ва бо ҳамон маҳсулоташ онро ҳама медонанд ва мешиносанд.

Аз соли 2010 истеҳсол ва борҷоманамоии 3 намуд писта ба роҳ монда шуд: тоҷикӣ, эронӣ ва туркӣ. Пистаҳои эронӣ ва туркиро борҷоманамоӣ карда, ба бозори ватанӣ мебароранд, ки аз аз ҷониби харидорон, мизоҷон ва истеъмолкунандагон ба хубӣ пазируфта шуда ба сифат, таъм ва мазаи он баҳои баланд медиҳанд. Пистаи тоҷикӣ маҳсулоти дохилии ватанӣ мебошад, ки аз ҷиҳати таъм, маза ва сифат аз пистаҳои эронӣ ва туркӣ ба куллӣ фарқ дорад.
Солҳои 2012 – 2013 ба маҳсулоти ниёзи аввалия ва донагӣ шурӯъ кард: шакар, 5 навъ биринҷ, мош, лӯбиёи сурх, марҷумак, нахӯд, наск, ярмаи ҷав (перловая крупа), ярмаи дили гандум (манная крупа) ва ярмаи сӯк (пшеная крупа). Дар истеҳсол ва борҷоманамоии ин маҳсулотҳо сех бо деҳқонон ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Ҳамаи маҳсулоти истеҳсолӣ сад дарсад табиӣ ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар бозорӣ истеъмолӣ бо нархи дастрас ва арзон ба мизоҷон пешниҳод шудааст ва талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ карда метавонад.
Ҳар рӯз кофеи “Grace — 3 дар 1” менӯшем, ки ин ҳам истеҳсоли тамғаи “Баракат” мебошад. “Grace” калимаи англисӣ буда, дар забони тоҷикӣ мазмунан тамғаи “Баракат” тарҷума мешавад.
Ҳар он маҳсулоте, ки сехи истеҳсол ва борҷоманамоии маҳсулоти хӯроквории тамгаи“Баракат” истеҳсол менамояд, дорои тамғаи маҳсуси истеҳсолӣ буда, дар бозори ватанӣ машҳур гардидааст. Маҳсулоташ дорои сифати баланд, нархи дастрас буда, дар бозори истеҳсолии рақобатпазир рейтинги баландро дорост. Дар солҳои минбаъда роҳбари сехи истеҳсолӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсолотро бисёр, сифати маҳсулотро боз баландтар ва бозори ватаниро бо маҳсулоти дохилӣ пурра таъмин намуда, талаботи шаҳрвандонро бо маҳсулоти ниёзи аввалия таъмин намояд.
Дар даҳ соли фаъолияти худ тамғаи “Баракат” бо як қатор ҷоизаву дипломҳо ноил гардидааст. Дипломи “Маҳсулоти беҳтарини сол 2012 – 2013” дар номгӯи “Қанди сафед”, диплом дар номгӯи “Интихоби густурда” соли 2016, диплом дар номгӯи “Нархи дастрас” соли 2018 ва ҷоизаи махсуси озмуни “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018” аз ҷониби “Тоҷикстандарт” дар номгӯи “Интихоби истеъмолкунанда” аз ҷумлаи онҳост.

Бахтовар САФАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *