Суҳбати Сталин бо Ғафуров

(Давоми мақола)

Москва, Кремл, 23 январи соли 1948, соати 23.35

Сталин:— Созмони ҳизбии Тоҷикистон чӣ ҳоланд? Вазъи кадрҳо чӣ чӣ гуна аст?

Ғафуров: — Кадрҳо ҳастанд, кадрҳо месабзанд. Созмони ҳизбӣ муваффақ гардид, ки ҷумҳуриро дар соҳаи хоҷагӣ боло бардорад. Плани пахтасупорӣ соли 1946 — 125 фоиз, соли 1947 — 113 фоиз иҷро шуд.

Сталин: — Медонам. Бисёр хуб.

Ғафуров: — Колхозҳо аз нигоҳи ташкилӣ устувор шуданд, бисёрии колхозчиён аз ҷиҳати моддӣ хуб зиндагӣ доранд. Рафиқ Сталин, мо ният дорем, ки соли 1948 — 250 ҳазор тонна, соли 1949 – 300 ҳазор тонна пахта супорем.

Сталин: — Офарин!

Ғафуров: — Агар мушкилоти «Вахши калон»-ро ҳал кунем, метавонем ҳосилро ба 500 ҳазор расонем.

Сталин (дар харита ба тарҳи «Вахши калон» менигарад):- Хуб, мебинем. Ҳоло дар водии Вахш чанд гектор замин аз худ шудааст?

Расулов: — 80 ҳазор гектар.

Сталин: — Шумо кадом як навъи махсуси пахта мерӯёндаед?

Расулов: — Дарознах, ки «мисрӣ» номида мешавад.

Ғафуров: — Рафиқ Сталин, хоҳиш дорем, ки ба мо дар амалӣ сохтани тадбирҳои андешидаамон барои рушди пахтакорӣ кумак расонда шавад. Хоҳиш мекунем, пору дода шавад.

Сталин: — Чӣ қадар?

Ғафуров: — 75 ҳазор тонна.

Сталин: — Бо кимиёгарон машварат бояд кард. Ҳуҷҷатҳоро монед, дида мебароем.

Ғафуров: — Соли гузашта Шӯрои Вазирон барои колхозҳои мо 200 автомашина ҷудо карда буд, аммо 45-то гирифтему халос. Хоҳишмандем, соли 1948 боқимондааш ба мо дода шавад.

Сталин: — Мебинем. Ба фикрам, рухсати гирифтанро барои ҳама кам карданд: аз манотиқи дурдаст ғалларо интиқол бояд дод. Чӣ будани манотиқи дурдастро медонед?

Расулов: — Медонем, мо ҳам дорем.

Ғафуров: — Рафиқ Сталин, мо як масъалаи хеле муҳим дорем — ин роҳи оҳани нави Самарқанд – Такфон – Сталинобод (дар бораи роҳ нақл мекунад).

Сталин: (ба харита нигоҳ мекунад): — Шумо, ба назарам, ин масъаларо  пештар ҳам ба миён гузошта будед?

Ғафуров: — Ин роҳ аҳамияти бузурги ҳарбию иқтисодӣ хоҳад дошт. Масофаро се маротиба кӯтоҳ мекунад, аз ноҳияе убур мекунад, ки аз лиҳози канданиҳои фоиданок ғанист.

Сталин: — Ин масъаларо ҳозир ҳал карда наметавонем, соли 1949 баррасӣ мекунем. Албатта, ин иқдом арзандаю муҳим аст, вале ҳанӯз на ҳамаи роҳҳои манотиқи таҳти муҳосира қарордошта барқарор гардиданд, на ҳамаи кӯпрукҳо барқарор шудаанд.

Ғафуров: — Боз як савол: Мо аз навоҳии кӯҳистон колхозчиёнро ба водии Вахш кӯчонида истодаем. Барои онҳо имтиёз металабем.

Сталин: — Ин масъаларо ҳал карда наметавонем, дар асари ислоҳоти пулу бекор кардани чекҳо (карточкаҳо) давлат 57 миллиард сӯм зарар дид.

Ғафуров: — Боз як саволи дигар дорам. Соли 1947 кормандони вилоёту ҷумҳурӣ ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ хуб кор карданд. Хоҳишмандем, иҷозат дода шавад, ки 200 нафарашонро дар қатори колхозчиёни пешқадам, коргарони МТС ва кормандони ноҳияҳо барои мукофотонидан пешниҳод кунем.

Сталин: — Мумкин, пешниҳод кунед.

Ғафуров: — Мо Айнӣ ном нависанда дорем, ки куҳансолтарин насрнависи тоҷик аст. Ба қарибӣ 70-сола мешавад. Иҷозат диҳед, ӯро бо ордени Ленин мукофотонем.

Сталин: — Ин корро кардан мумкин.

Ғафуров: — Дар ҳудуди ҷумҳурии мо ӯзбекҳо истгоҳи барқии «Фарҳод»-ро сохтанд…

Сталин: — Чаро дар ҳудуди шумо? Чӣ хел шудааст?

Расулов: — Қарори ҳукумати иттифоқ баромада буд. Мо маҷбур розӣ шудем. Дар натиҷа, ду ҳазор хоҷагӣ аз замини назди ҳавлӣ, боғу роғ маҳрум шуданд. Хоҳиш мекунем, аз ҳисоби барқи «Фарҳод» барои мо обкаши зарурӣ сохта шавад.

Сталин: — Обро аз куҷо мегиред?

Ғафуров: — Илоҷе ёфта, аз Сирдарё.

Сталин: — Пас, замини шумо аз сатҳи дарё болотар аст? Арзиши он чӣ қадар хоҳад буд?

Расулов: — 15 миллион сӯм, аз ҳисоби буҷет. Колхозчиён ҳам бо меҳнаташон ҳиссагузорӣ мекунанд.

Сталин: — Мебинем, ҳуҷҷатҳоро гузоред.

Ғафуров: — Рафиқ Сталин, суханронии шуморо дар расми қабули иштирокдорони Даҳаи санъати тоҷик мардум медонанд. Хоҳишмандем,  иҷозат дода шавад, ки онро барои корамон истифода барем.

 Сталин (нутқро аз аввал то охир мехонад): — Хуб, бошад. Пагоҳ ин нутқро ба шумо медиҳам.

Ғафуров: -Ман дигар савол надорам, акнун рафиқ Расулов гап мезанад.

Расулов: -Соли 1949 ҷумҳурии мо бистсола мешавад. Хоҳишмандем, иҷозат дода шавад, ки ҷашн гирем.

Сталин (ба Жданов): — 20-солагӣ ҷашн гирифта мешавад?

Жданов: — Бале.

Расулов: — Ба ин муносибат хоҳиш мекунем, барои истифодаи як миқдор маблағ иҷозат дода шавад, то пойтахти ҷумҳуриамонро ба тартиб дарорем.

Сталин: — Ба гумонам, Душанбе ном деҳае буд?

Расулов: — Бале, лекин ҳозир шаҳри калонест, 130 ҳазор аҳолӣ дорад.

Сталин: — Ҳуҷҷатҳоро монед, мебинем.

Расулов: — Барои навоҳии зироаткори кӯҳистон додани тракторро талаб дорем.

Сталин: — Чанд адад?

Расулов: — Ҳамагӣ сад адад.

Жданов: — ӯ-ҳу-ӯ-ӯ!

Сталин: — Мебинем.

Жданов (ба Сталин нигариста): — Рафиқ Ғафуров таърихшинос аст, перомуни таърихи халқи тоҷик тадқиқот мебарад. (Ба Ғафуров нигариста): — Шумо, ба гумонам, ин корро тамом кардед?

Ғафуров: — Бале, Андрей Александрович, ҷилди якумашро ба анҷом расонидам. Аммо Иосиф Виссарионович, аз ин бобат дар миён ихтилофи назар ҳаст.

Сталин: — Чӣ хел ихтилоф?

Ғафуров: — Дар илми таърихшиносӣ ду нуқтаи назар роиҷ аст: яке таърихи туркии Осиёи Миёнаро аз ҳад мегузаронад; дигаре тасдиқ мекунад, ки халқҳое, ки дар гузашта дар Осиёи Миёна сукунат доштанд, эронинажод буданд. Мо маҳз ана ҳамин нуқтаи назарро тарафдорӣ мекунем ва барои ҳамин моро ба сифати таҳвилгарони нажодпарастӣ гунаҳкор меҳисобанд.

(Сталин ва Жданов баланд-баланд механданд).

Сталин: — Агар аз дидгоҳи илмӣ дуруст бошад, агар воқеан чунин бошад, чӣ бадӣ дорад? Нуқтаи назари худро баён кунед…

Ғафуров: — Иосиф Виссарионович, халқи тоҷик медонад, ки таъсиси ҷумҳурии мо ба туфайли исрору пофишории шумо, бо фармони КМ ҲКУ(б) сурат гирифт. Он вақт ҳатто дар миёни худи тоҷикон ҳам касоне буданд, ки исбот мекарданд, ки дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд ва дар ин хусус ба шумо телеграммаҳо фиристоданд…

Сталин: -Бале, дар ин ҷумла Раҳимбоев гуфтанӣ касе буд, ки исбот кардан мехост, ки дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд. Аммо, чунонки мебинед, на танҳо вуҷуд доранд, балки афзоиш меёбанд. Ва ин халқ халқи махсусест, ки аз ӯзбекҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо фарқи калон дорад. Туркҳо дар Осиёи Миёна асрҳои XI-XII ҳазорсолаи мо пайдо шудаанд, аммо эронинажодон дар он ҷо аз асри панҷуми то ҳазорсолаи мо сукунат доранд.

Ғафуров: — Ҳатто аз қарни шашум, рафиқ Сталин…Ман мехостам аз шумо бипурсам: оё мумкин аст дараҷаи худогоҳии миллии халқро баланд бардорем?

Сталин: — Мумкин ва ҳатмист. Аммо ба бартарияти миллӣ роҳ додан лозим нест.

Ғафуров: — Дар машварати КМ ҲКУ(б) бо оҳангсозон Андрей Александрович гуфтанд, ки бояд ҳама чизро дӯст дошт ва ҳама чизи хуберо, ки дигар халқҳо доранд, набояд фаромӯш кард.

Сталин: — Дуруст!

Ғафуров: — Зимнан, тамаддуни эронӣ на дар ҳудуди Эрони ҳозира, балки дар қаламрави Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Фирдавсиро мо ҳамчун бародари ҳамзабони худ мефаҳмем, лекин эрониён бо луғат мехонанд.

Сталин: — Инро бояд исбот намуд, инро бояд тарғиб кард.

Ғафуров: — Рафиқ Сталин, хоҳиш мекардем, ки масъалаҳои таърих дар КМ ҲКУ (б) мавриди муҳокима қарор дода шавад.

Сталин: — Ана, ба рафиқ Жданов супориш медиҳем, ин масъаларо баррасӣ кунанд. (Жданов дар дафтарчааш сабт мекунад).

Сталин: — Марҳамат карда гӯед, ки чаро ӯзбекҳо имсол дар ҷамъоварии пахта ақиб монданд? Оё рост аст, ки дар тараққӣ додани пахтакорӣ ба онҳо сохтмонҳои умумихалқӣ халал расондаанд?

Ғафуров:- Рафиқ Расулов агроном, ин масъаларо хубтар мефаҳмонанд. (Сталин саволро ба Расулов такрор мекунад).

Расулов: — Не, сабаби асосӣ дар он аст, ки кишти дубораро сари вақт, баъди сармо, нагузаронданд…

Ғафуров: (хайрухушкунон): — Бубахшед, Иосиф Виссарионович, мо вақти қимататонро гирифтем.

Жданов (бо Сталин хайрухушкунон): — Таҳсину офаринашон, инҳо  дӯстона кор мекунанд.

(Давом дорад)

Шариф ҲАМДАМПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *