Барбара Буш аз табобати тиббӣ даст кашид
Собиқ бонуи аввали ИМА Барбара Буш сиҳатиашро аз даст медиҳад ва дигар мавриди муолиҷаи тиббӣ қарор намегирад. Ҷим МакГрес, сухангӯи хонаводаи президенти собиқи ИМА рӯзи 15 апрел бо пахши изҳороте гуфт, ки хонум Барбара Буши 92-сола баъди чандин мавриди муолиҷа дар бемористон ва дар паи машварат бо табибону аҳли хонавода дигар аз табобат даст мекашад ва дар шароити хона қарор мегирад.
Ӯ ҳамсари Ҷорҷ Буши калонӣ аст, ки солҳои 1989-1993 президент буд ва ҳам писараш ду мӯҳлат, дар солҳои 2001-2009 дар ИМА дар мақоми раёсатҷумҳурӣ кор кардааст.
“Ӯ дар иҳотаи азизонаш асту пайваста пайғом ва дуоҳои неки наздиконро дарёфт мекунад”, омадааст дар изҳорот.
Дар изҳорот ҷузъиёти марбут ба бемории Барбара Буш ифшо намешавад, вале дар гузоришҳои матбуотӣ гуфта мешавад, ки ҳамсари президенти собиқ бо чанд дарди кӯҳна мубориза мебарад.
Бори охир ӯ январи соли 2017 бо бронхити сангин ба бемористон интиқол ёфт ва аз ин пеш, соли 2009 аз дарди дил муолиҷа гирифтааст.
Барбара ва Ҷорҷ Буш соҳиби 6 фарзанданд. Онҳо соли 1945 издивоҷ карда дар таърихи Амрико, дарозумртарин ҷуфти президентӣ ба шумор мераванд. Дар паёме президент Доналд Трамп ба Барбара Буш ва аҳли хонаводаи онҳо шифову осоиш орзу кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ