Раббонӣ аз Аслов хост консулгарии Тоҷикистон дар Кундуз бозкушоӣ шавад

Афғонистон аз Тоҷикистон хостааст, ки консулгарии худ дар шаҳри Кундуз воқеъ дар шимоли Афғонистонро бозкушоӣ кунад. Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон рӯзи 16-уми апрел дар мулоқот бо Сироҷиддин Аслов дар Душанбе, хостори бозкушоии консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз шуд. Ҷонибҳо дар ин мулоқот дар бораи масоили сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ, амниятӣ, мубориза бо терроризм ва мавзӯъҳои дигар гуфтугӯ намуданд.

Салоҳиддин Раббонӣ дар ҳоли ҳозир барои ширкат дар нишасти 23-юми Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЕКО) дар Душанбе ба сар мебарад.

Консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Кундуз ва Файзободи Афғонистон дар моҳи феврали соли 2016 баста шуданд. Дар моҳи июли ҳамон сол консулгарии Тоҷикистон дар Файзобод дубора ба фаъолият оғоз кард, аммо намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз то ба ҳол баста мебошад.

Он замон вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баста шудани ин ду консулгариро шарҳ дода ва гуфта буд, ки бинобар вазъи ноором дар шимолӣ Афғонистон, ин ду намояндагии дипломатӣ ба таври муваққатӣ баста шуда ва дар сурати ором шудани вазъият, дубора ба фаъолияти худ оғоз хоҳанд кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳадаф аз баста шудани ин намояндагиҳоро «ба хотири эҳтимоли таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандони консулгариҳои Тоҷикистон дар Файзобод ва Кундуз», рабт дода буд.

Дар иттилоияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷумла гуфта мешуд, ки консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз яке аз аввалин биноҳое буд, ки дар ҳамлаи Толибон дар 28-уми сентябри соли 2015 мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифта буд. Ҳамчунин дар ин иттилоия ба ҳуҷуми мусаллаҳона ба консули Тоҷикистон дар Бадахшон Рустам Маҳмудӣ ишора шуда буд, ки дар таърихи 16-уми майи соли 2014 мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта ва захмӣ шуда буд.

Тоҷикистон ба иловаи сафораташ дар Кобул, дар ҳоли ҳозир консулгариҳои худро дар шаҳрҳои Файзобод ва Мазори Шариф дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *