Баргузории фестивали «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ» дар Боғи Ирам

22 марти соли равон  дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе нахустин Фестивали «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, фестивал ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳоне мебошад, ки дар арафаи иди Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд.

Дар доираи фестивал баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва рақсу суруд дар назар аст.
Фестивал бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор дар назар аст.

Боиси зикр аст, ки иди Наврӯз қадимтарин ҷашни тоҷикон ҳисобида шуда, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз афзалиятҳои муҳими Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки 19 феврали  соли  2010  Маҷмаи умумиӣ СММ қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамасола рӯзҳои 21-24 март дар Тоҷикистон ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *