Тоҷикистон 176,5 млн қарзашро супорид

Соли гузашта Тоҷикистон зиёда аз 176,5 млн. қарзи хориҷиашро пардохт намуд.

Тавре  аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз ҷумла беш аз 138,9 млн. доллар ба пардохти қарзи асосӣ ва зиёда аз 37,5 млн. доллар ба пардохти фоизи қарзҳо равона шудааст.

Қариб нисфи ин маблағ — 81,6 млн. доллар ба пардохти қарзи Чин (Эксимбонк) равона гардида, ҳамчунин беш аз 24,3 млн. — қарзи Бонки ҷаҳонӣ, 17,5 млн. доллар — қарзи Бонки осиёгии рушд ва 10,3 млн. доллар — қарзи Бонки исломии рушд пардохт шудааст.

Барои пардохти қарзҳои Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Фонди ОПЕК, Фонди зиддибуҳронии ЕврАзЭС, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки осиёгии сармоягузории зербиноӣ, ИМА, Фонди рушди Кувайт, Фонди рушди Саудӣ, Олмон (KfW), Фаронса ва Фонди рушди Абу-Даби низ маблағҳо ҷудо шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали соли равон ба 2,9 млрд. доллар расид, ки ба 40,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон айни замон Чин (Бонки содиротиву воридотии Чин) мебошад, ки ҳаҷми он наздики 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад. Қарзҳо аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (318 млн.), Бонки осиёгии рушд (278 млн.) ва Бонки исломии рушд (112 млн. доллар) низ қарздор аст.

Ҳамчунин давоми соли равон ҷалби 200 млн. доллар қарзи хориҷӣ ва сармоягузорӣ аз ҳисоби фурӯши вомбаргҳои давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳадди ниҳоии ҳаҷми қарзи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз 40 фоиз то ба 60 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) боло бурда шуд. Ин нишондиҳанда зимни аз ҷониби қарздиҳандагон таҳлил намудани вазъи пардохтпазирии кишвар нақши муҳим дорад.

Бознашр аз «Азия-Плюс»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *