Намоиши саҳнаҳои фаҳш дар филмҳо манъ шуд

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков зери тағйирот ба қонуни ин кишвар дар бораи дастгирии давлатии синамо имзо гузошт.

Бар пояи тағйирот, консепсияи филм набояд ба тағйири хушунатомези сохти конститутсионии мавҷуда, нақзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат, ҷанг ва таҷовузкорӣ даъват кунад.

Ҳамчунин дар филм саҳнаҳои фаҳш ё даъват ба барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва таҳаммулнопазирӣ бояд набошад.

Қирғизистон моҳи октябри соли 2016 намоиши филмҳоеро, ки саҳнаҳои фаҳш доранд, манъ карда буд. Ин гуна саҳнаҳоро комисияи байниидоравии ташхис муайян мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *