Баргузории Форуми байналмиллалӣ дар Белорус
Аз 11 то 15 октябри соли равон дар шаҳри Могилеви Ҷумҳурии Беларус форуми байналмилалии «Фарҳанги анъанавӣ чун асоси рушди босуботи ҷомеа» баргузор мегардад. Тавре аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд, дар доираи форуми мазкур инчунин баргузории «Мероси халқии рақс ва суруд: аз анъана то имрӯз» дар назар аст.
Мақсади асосии баргузории форуми «Фарҳанги анъанавӣ чун асоси рушди босуботи ҷомеа»- ин ташкили фазои байналмилалӣ барои омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо оид ба ҳифзи фарҳанг ва маданияти анъанавӣ, муайян намудани дурнамои ҳифз ва рушди он, нақши мақомоти роҳбарӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ дар ҳифзу тарғиби арзишҳо ва мероси фарҳангӣ мебошад.
Форум соли 2012 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус ташкил шуда, то инҷониб баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ