Садриддин дар Сочи барои муҳоҷирон консерт медиҳад?

Салом кормандони сомонаи «Tajikistantimes.ru». Хеле хурсандам, ки дар ин мулки ғарибӣ бо шумо дар иртиботем. Аз он, ки ягон хоҳиши мо муҷҳоҷиронро бенатиҷа намегузоред, ба як хулосае омадам, ки хоҳишамро иброз намоям.

Ман як муҳоҷирзани тоҷик аз шаҳри Сочи, бори аввал аст, ки ба редаксия нома менависам. Ошиқи савту навои ҳунарманди шинохта Садриддини Наҷмиддин ҳастам ва бо умед ин сатрҳоро навишта истодам, ки дарди дили маро дар як гӯшаяки сомонаатон ҷо мекунед. Орзу дорам, ки як бор бо ҳунарманди дӯстдоштаам аз наздик сӯҳбат намоям. Илтимос, ягон гумони бад набаред, ман оиладор ва модари ду фарзанд ҳастам. Ба Садриддин ошиқ нестам, вале ӯро дӯст медорам, чуноне, ки як хоҳар бародари ҳамхуни худашро дӯст медорад. Чанд сол боз бо тақозои зиндагӣ дар муҳоҷиратам, аз ҳамин сабаб дар консертҳои ҳунарманди дӯстдоштаам иштирок карда наметавонам. Хабари консерти Садриддинро бо Ғизол шунида, афсӯс хӯрдам, ки боз аз шунидани садои ширини ин булбули саҳнаи тоҷик бебаҳра мондам. Хеле кӯшиш намудам, ки бо Садриддин аз наздик во хӯрда, суҳбат намоям, вале нашуд. Дӯстонам мегӯянд, ки Садриддин қариб ҳамеша дар сафар аст ва ҳатто аҳли оилааш дидори ӯро ба серӣ намебинанд. Мехоҳам ин ҳунарманди машҳури тоҷик ба Сочи ҳам сафар карда барои мо, муҳоҷирон консерт диҳад. Садриддин ба ин пешниҳоди ғарибонаи мо чӣ мегуфта бошад?

Саидова Марҳабо, муҳоҷирзани тоҷик, аз шаҳри Сочӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *