Баргузории маҳфили фаҳангии тоҷикӣ дар Порис

Бо мақсади муаррифии бештари кишвар дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ҳадафи муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон,  бо  ташабуси  Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса дар шаҳри Порис  маҳфили фарҳангӣ доир гардид.

Ин маҳфили фарҳангӣ рӯзи 29-уми июн дар ҳамкорӣ бо Анҷумани тоҷикони Фаронса —«Равзана» баргузор шуд ва дар он ҳунарманди маъруф Давлатманд Холов ва устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Шавқатҷон Оқилов ҳунарнамоӣ карданд.

Дар ин барномаи ҳунарӣ намояндагони вазорату идораҳои Фаронса, дипломатҳои хориҷӣ, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ширкат кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *