“Хоинони миллат” киҳоянд?

Президенти Тоҷикистон  пешниҳод кард, ки  он кормандони ниҳодҳои интизомӣ, ки бо сайёҳони хориҷӣ муомилаи бад мекунанд, бояд «хоини миллат» эълон шуда ва ба ҷазои сангин маҳкум шаванд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд, ки ҷараёни он шоми 30-юми июн тариқи телевизионҳои давлатӣ намоиш дода шуд,Прехзидент  гуфт, ки «рафтори ношоистаи кормандони интизомӣ туристро тарс медиҳад ва аз омадан ба Тоҷикистон ҳазар мекунанд ва бадтар аз ҳама, обрӯи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рехта мешавад. Ин шарм, айб аст, муомилаи бад сайёҳи хориҷиро мегурезонад. Агар минбаъд корманди умури дохила, гумрук, сарҳадбонӣ аз сайёҳон ё худ туристҳои хориҷӣ пул меситонанд ё барои гардиши онҳо монеа эҷод мекунанд, хоини миллат эълон карда шавад ва дар нисбати ӯ ҷазои сангин дида шавад. Кормандони гумрук, сардорону масъулони гузаргоҳҳои сарҳадӣ ин нуктаро набояд фаромӯш кунанд, ки муаррифии фарҳангу одоби миллӣ ба меҳмонону сайёҳон аз дарвозаҳои кишвар, яъне гузаргоҳҳои сарҳадиву гумрукӣ оғоз мешавад»,-гуфтааст Роҳбари Давлат . Президенти Тоҷикистон аз кормандони интизомӣ даъват намудааст, ки аз «маданият, одоб, муомила забони ширин кор гиранд.» Ин гуфтаҳои Президенти   Тоҷикистон дар ҳоле садо дод, ки дар гузашта муомилаи бади кормандони милиса бо сайёҳони хориҷӣ, ба расонаҳо роҳ ёфта буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *