Баргузории машварати сиёсии Тоҷикистону Ҳиндустон
19 декабри соли 2018 дар шаҳри Деҳлии Нав даври чоруми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Гитеш Шарма баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар машваратҳо ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз мазмуну муҳтавои робитаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар доираи машваратҳо дар баробари муносибатҳои дуҷониба ҳамчунин табодули назар оид ба мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ