Сомонӣ хору зор, доллару евро бологузар?

Писарам ман ба ту пули нав додам, охир ин пули додаатро ягон ҷо қабул намекунад.

-Холаҷон, ин пулро ман набаровардаам, онро дигарон ба ман доданд. Ноилоҷ гирифтам. Агар нагирам,  мегӯянд, ки худатон ин пулро додед, чаро боз намегиред?Пули даридаю фарсударо бонкҳо иваз мекунанд.

-Наход ки барои ивази 1 сомонӣ ба бонк равам?Ин хел пулҳо дар дасти шумо – ронандагон бисёр ҷамъ мешавад, шумо ҳам бурда иваз кунед охир!

Ин гуна баҳсро қариб ҳар рӯз дар нақлиёти  хатсайрҳои пойтахт мушоҳида кардан мумкин аст. То ба кай ин моҷаро идома меёбаду одамон  барои як- ду сомонии дарида бо ҳам баҳсҳои лафзӣ мекунанд?

Асъори миллӣ – рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллист. Навиштаҷоти пештоқи Бонки миллии Тоҷикистон инро тақвият медиҳад: “Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми давлат аст!” Аммо садҳо ҳазор сомонӣ пулҳои фарсудаю дарида дар муомилот  баръакси ин гуфтаҳост. Дар байни мардум пулҳои коғазии аз 1 то 20 — сомонӣ маъмул буда, талабот ба онҳо дар бозору мағозаҳо, нақлиёти ҷамъиятии истифодаи умум бамаротиб зиёд аст. Қариб 90% -и пулҳои коғазии майдаро  мардум   «скочпеч» намудааст. Оё боре доллару евро ё рублро мисли сомонӣ хору залил кардаем?

Шукур Ҷӯраев, муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия  иброз намуд:

-Як сол боз дар  муҳоҷиратам ва то ҳол ягон пули миллии Русияро ба мисли пулҳои Тоҷикистон хаткашидаю бастаи скоч, дарида ва чиркин надидаам. Мо, тоҷикон, пули миллиамонро бетартибона ба ҷайб андохта, ғиҷиму пачақ мекунем, дар ҳамён ба мисли асъори хориҷӣ нигоҳдории сомониро ақламон намегирад.

Шаҳром Бӯризода, донишҷӯ:

-Бегонапарастии худро дар муносибат бо сомонии худ намоиш медиҳему шарм намекунем. Боиси таассуф аст, ки баъзеҳо дидаю дониста ба рӯи суратҳои қаҳрамонони миллат хату акс кашида, ибораҳои қабеҳ менависанд,  ришу бурут мекашанд. Ё аз бефаросатию бетарбиягии худ завқ бибаранд?  Дар ҳоле ки мо ба арзишҳо ва муқаддасоти худ эҳтиром намегузорем, дигарон чӣ гуна ба мо эҳтиром мегузоранд? Як хориҷӣ ин ҳолатро бинад, чӣ фикр мекунад? Ба ҳоли миллат механдад.

-Нисбати солҳои пештара пулҳои фарсуда хеле кам шуда истодааст.  Аз соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон пулҳоеро ба муомилот баровард, ки онҳо дер фарсуда мешаванд. Дар болои пул ламинати махсус карда шудааст, ки аз тез кӯҳна шудан эмин медорад. Дар коркард ва бастубанд намудани пулҳои фарсуда “Имон Интернешнл” нақши назаррас дорад. Мо ҳар моҳ тақрибан аз 1,5 миллион то 2 миллион сомонӣ пулҳои фарсударо аз филиалҳои бонки “Имон Интернешнл”, ки дар ноҳияву минтақаҳо фаъолият доранд, қабул мекунем ва баъдан ба Бонки миллӣ месупорем, -мегӯяд Абдулхайр Муродов, мудири хазинаи бонки “Имон Интернешнл”.

Мавлуда, сокини вилояти Суғд пешниҳод дорад:

-Ба фикри ман,  роҳи осони ҳалли ивази пулҳои фарсуда дар ҷойҳои серодам, аз ҷумла бозорҳо, марказҳои хизматрасонӣ, чорроҳа ва истгоҳҳо нуқтаҳои ивазкунии пулҳои фарсударо ба роҳ мондан зарур аст.

-Ронандагону фурӯшандаҳои бозору мағозаҳо, ки дар муомилот маблағи зиёдро доранд, вазифадоранд, ки пулҳои фарсудаю даридаро дар бонкҳо иваз намоянд, — мегӯяд Фарҳод Тоҳиров, сардори шуъбаи амалиётҳои хазинавии бонки “Эсхата”.

Мегӯянд, ки аз баҳс ҳақиқат бармеояд. Шояд хонандагони нашрия баҳри тақвияти эҳтироми пули миллӣ – сомонӣ таклифу пешниҳодоти ҷолиб ба  миён оранд?

Бахтовар САФАРОВ,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *