Декабри «донишҷӯхӯр»

Номи ин моҳ ҳанӯз аз даҳони кампиракони деҳ якҷо бо уф ва афсӯс мебаромад. Мардону занони хоҷагидор барои гузаронидани ин моҳ азобҳои зиёд мекашанд, то ки аҳлу байташон гарму сер бошанд. Яъне ҳама дар тараддуд ва ташвиш ҳастанд барои омадану рафтани моҳи декабр.

Хамакнун, меоем сари донишҷӯён, зеро моҳи декабр зиёдтар ба онҳо дарди сар меорад. Рӯзҳои декабрӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ устодон аз танбалтарин ва хобдӯстдортарин донишҷӯ кори илмӣ (кори курсӣ) талаб карда, дар муддати кӯтоҳ онҳоро ҷамъ мекунанд.

“Хориҷат мекунам!”. Ин таҳдидест, ки аз ҳама зиёд ба гӯши донишҷӯён дар моҳи декабр мерасад. Барои шартномаи ҳангуфт ва гӯшнофорам, ки аксарият аз сари маоши давлатӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва деҳқонӣ месупоранд ва барои “гулдор” будани ному насаб дар журнал.

Аз ҳама муҳим ва аз ҳама ҳодисаи баде, ки ин моҳ боз ба донишҷӯён медиҳад, санҷишу имтиҳонот аст. Имтиҳонҳо “зинда” набошанд ҳам,  баъзеҳо тайёрӣ дида, дар роҳравҳои китобхона нишаста тест мехонанд.

Дар мавриди имтиҳон ва кори курсӣ, ки бештар ба дониши донишҷӯён вобастаанд ва аксарият мехоҳанд, ки дар донишкадаву донишгоҳҳо бештар ба онҳо диққат дода шавад, чанд чизаки лозимиро мегӯем.

“Хушбахтона”, кори курсиро “муҳтарам” донишҷӯёнамон бо шеваву мафҳумҳои гуногун мефаҳманд: Масалан, дар зеҳни яке кори курсӣ маъноеро мемонад, ки матнеро монанд ба мавзӯяш аз интернет ctrl+v карда, бо ёрии ctrl+с дар ворди нав монад ва чоп карда дар кафедра супорад.

Дар фаҳмиши дувумӣ, аз китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо поку покиза, нарезондаву начаконда бе нишондоди поварақ рӯбардор кардан аст.

Боз донишҷӯёнеро дидан мумкин аст, ки кори курсиро ҳикоя ё очерк хаёл карда, фикру ақидаҳои муҳаққиқонро бо тартиб ва иқтибосҳои як саҳифагӣ меоранд.

Ва дар интиҳо, нафароне ба ном донишҷӯ хастанд, ки дарди сари дигаре мешаванд ва бо дурӯғҳои осмонӣ зориву тавалло карда, соҳиби кори илмӣ мешаванд.

Пас аз ин ҳама оё наметавонем моҳи декабрро моҳи “донишҷӯхӯр” унвон бидиҳем?

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *