Қарахон Чиллазода

Барканории 19 мансабдор пас аз санҷиш

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли 2022 дар пайи санҷишҳо дар сохторҳои давлатӣ ба маблағи 376,9 миллион сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро ошкор кард.

Қарахон Чиллазода — раиси Палатаи ҳисоб зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин маблағ дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ошкор карда шудааст. Дар пайи ошкор шудани қоидавайронкуниҳои молиявӣ 19 нафар аз вазифа озод гардидаанд.

Чиллазода изҳор дошт, ки барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида чораҳои мушаххас андешида шуда, ба буҷа 275,4 миллион сомонӣ, ба корхона ва ташкилоту муассисаҳо 100,1 миллион сомонӣ барқарор гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи чорабиниҳои аудиторӣ қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобӣ ба маблағи 12,6 миллион сомонӣ, зиёдомади молу маводи арзишдор 9,0 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳо 141,3 ҳазор сомонӣ ба буҷа ва корхонаҳо барқарор гардида, маблағгузориҳои сметаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ ба қадри 21,4 миллион сомонӣ ва қарзҳои беасоси кредиторӣ ба андозаи 1,9 миллион сомонӣ кам карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *