Мирзозода Нурулло

Ҳамадонӣ: Ҳам ҷиноят афзоиш ёфту ҳам содирот

Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Мирзозода Нурулло Абдулҳай аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки деҳқонон нисбати як соли пеш натанҳо маљмуи ҳаљми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин содироти меваю сабзавот, полезиҳоро афзун кардаанд.

Истеҳсоли помидор ба беш аз 13 ҳазор тонна, пиёз ба 15 ҳазор тонна, сабзавот ба 76 ҳазор тонна расонида шуда, як қисми онҳо ба хориљи кишвар содир карда шудааст.

Ҳамчунин, аз афзоиши љиноятҳои содиршуда дар давоми сол изҳори ташвиш карда шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ посух доданд, ки дар доираи 175 љинояти ба қайд гирифташуда 140 нафар ба љавобгарӣ кашида шудаанд. Аз онҳо 30 нафарашон љавонон, 17 нафарашон занон, 6 нафар ноболиғонанд. Ин аз кори номукаммали бахшҳои занон, љавонон, кор бо ноболиғон шаҳодати мутлақ аст. Мебояд корҳои тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, шарҳи қонунҳо љоннок гарданд. Пошхӯрии оилаҳо низ зиёд аст.

Нурулло ҲАСАНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *