Барканории мансабдор баъди Ҳаҷи умра

Ҳусейнхон Ҳакимов — сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз адои Ҳаҷи умра аз вазифа сабукдӯш шуд.

Нусратулло Салимзода — раиси тозатаъини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ӯ худсарона ва бемувофиқа ба Ҳаҷи умра рафтааст.

Ҳусейнхон Ҳакимов моҳи январи соли ҷорӣ ба Ҳаҷи умра рафта, пас аз бозгашт аз вазифа барканор гардидааст. Аз кор озод кардану ба кор қабул кардани сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия ба салоҳияти раиси ноҳия ворид мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба зиёрати Ҳаҷ ҳазорон нафар сафар мекунанд. Арабистони Саудӣ ҳамчун мизбон ҳамасола барои кишварҳо квотаи мушаххас ҷудо мекунад ва имсол барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *