Яндекс такси

Хизматрасонии Яндекс Go дар Душанбе дастрас шуд

Шуруъ аз 15-уми феврали соли равон хизматрасонии онлайнии фармоиши сафарҳои Yandex Go дар шаҳри Душанбе ба кор даромад.

Барои фармоиш додани мошин, барнома бояд боргирӣ карда, кушода ва суроғае, ки ба он ҷо рафта расидан лозим аст, нишон дода шавад. Худи хизматрасонӣ мавқеи корбарро ҳангоми фаъол будани муайянкунии ҷойгиршавии ҷуғрофӣ муайян мекунад ва ронандаеро меёбад, ки аз ҳама пештар меояд.

Барои фармоиш мошинҳои наву бароҳат, аз қабили Toyota Corolla, Hyundai Elantra, Kia Rio, Hyundai Solaris хоҳанд омад.

Нархи сафар аз 10 сомонӣ сар мешавад. Масалан, аз майдони Садриддин Айнӣ то Кохи Наврӯз тақрибан 16 сомонӣ ва аз фурудгоҳи шаҳр то меҳмонхонаи Hyatt Regency 26 сомонӣ арзиш дорад.

Мусофирон метавонанд пули сафарро ба таври нақдӣ пардохт кунанд, арзиши сафар бошад, пешакӣ маълум аст — барои ин танҳо ворид кардани суроғаи ҷои таъиншуда кифоя аст.

«Мо медонем, ки дар Тоҷикистон ҳиссаи фарогирии интернет баланд аст ва фоизи аҳолии ҷавон — сокинон ба навовариҳо ва роҳҳои ҳалли муносиб омодаанд. Барномаи мо айнан чунин аст: дар он ҳаракати мошинро онлайн дидан мумкин аст, шумо метавонед тафсилоти сафарро бинед ва бо ронанда тамос гиред, барои дӯстон ё аъзои оила мошин фармоиш диҳед. Дар оянда мо нақша дорем хизматрасониҳои дигареро инкишоф диҳем, ки ба сокинон барои ҳалли вазифаҳои ҳаррӯза дар як ҷо, мусоидат мекунад. Барои ширкатҳои таксӣ ва ронандагони онҳо, роҳандозии мо ҷараёни фармоишҳоро таъмин мекунад ва имкон медиҳад, ки даромади онҳоро афзоиш диҳад ва инчунин вақтро беҳуда сарф накунанд”,- мегӯяд Кирилл Свинсов — директори рушди Яндекс Такси дар ИДМ.

Хизматрасонӣ дорои дастгирии онлайнии 24/7 мебошад. Агар корбар аз сафар норозӣ бошад, чизеро дар мошин фаромӯш кунад ё савол додан хоҳад, ӯ метавонад тавассути барнома ба хадамоти дастгирӣ муроҷиат кунад ва онҳо ба ӯ кумак мекунанд. Барои ширкатҳои шарики таксӣ ва ронандагони онҳо низ хидмати дастгирӣ мавҷуд аст, ки омода аст онҳоро сари вақт роҳнамоӣ кунад ва ҳар як ҳолатро таҳлил намояд.

Барномаи ройгон барои iOS ва Android бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо дастрас аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *