Баҳриддин Сироҷиддинзода

Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон коҳиш ёфт

Тоҷикистон соли 2022 ба маблағи 2 миллиарду 142 миллион доллар маҳсулот содирот намудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2021-ум 7,6 миллион доллар кам мебошад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иттилоъ дод. Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки дар давраи соли гузашта ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ 2 миллиарду 88 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 миллион доллар ё 1,2 фоиз коҳиш ёфтааст.

Соли 2022-юм 66,7 ҳазор тонна пиёз ба маблағи 6769,1 ҳазор доллар содирот гардида, нисбат ба соли гузашта 29,2 ҳазор тонна кам мебошад. Айни замон содироти пиёз муваққатан манъ карда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон бо 110 мамлакат, аз ҷумла бо 10 мамлакати ИДМ ва 100 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ ба роҳ монда, аз ҷумла ба 52 давлат маҳсулот содирот кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *