лимит

Лимити барқ кай бардошта мешавад?

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» эълон кард, ки масъалаи бардоштани маҳдудияти интиқоли барқ ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз боду ҳаво вобаста аст.

Маҳудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарё барои тавлиди ҳаҷми нерӯи барқ, ки талаботро қонеъ кунад, боло равад. Ин нуктаро раиси ширкати «Барқи тоҷик» Муҳаммадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Ба гуфтаи ӯ, сатҳи истифодаи захираҳои об дар рӯзҳои сардии моҳи январ якбора афзоиш ёфта буд ва феълан зарур аст, ки он ҷуброн карда шавад.

Раиси «Барқи тоҷик» афзуд, ки бо мурури гарм шудани ҳаво ва афзоиши ҷараёни об маҳдудият лағв мегардад.

Соли 2022 истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд.кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад. Тавлидоти барқ дар қиёс бо соли пешӣ наздики 800 млн.кВт соат зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *