Барканории Мавлуда Қаландарзода ва 11 масъули дигар  

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи банди 8-и моддаи 69-и Конститутсия пешниҳод кард, ки раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан ва муовинаш Комилӣ Файзалӣ аз вазифа озод карда шаванд.

Тибқи фармонҳои президенти Тоҷикистон 10 масъули баландпоя — Мирзозода Рустам Пираҳмад аз вазифаи раиси Суди вилояти Хатлон, Ёқубзода Абдураҳмон Холдор аз вазифаи раиси Суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин аз вазифаи муовини якуми раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор аз вазифаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе, Ҳафиззода Темур Ҷамшед аз вазифаи судяи Суди шаҳри Душанбе, Шуҳратзода Улуғбек аз вазифаи судяи Суди шаҳри Душанбе, Маҳмадзода Хуршед Бобохон аз вазифаи муовини раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Солеҳзода Зарина Тағойназар аз вазифаи муовини якуми раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шуданд.

Гуфта мешавад, ки сабаби барканории масъулини номбаршуда ба кори дигар гузаштан аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *