Дар шумораи №28-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Ба Райҳон малахҳо ҳуҷум карданд?” оид ба чӣ гуна сипарӣ шудани консерти навбатии сарояндаи ӯзбек Райҳон Ғаниева муроҷиат кардааст.

Дар саҳифаи номаҳо дарди дили духтареро, ки аз дӯстдоштаи худ ранҷидааст ва дардномаи мардеро мутолиа карда метавонед, ки аз заҳри забони хушдоман ба дод омадааст.

Қиссаи “Туҳматзада” сарнавишти ҷавонзанест, ки бе гуноҳ аз хонаи шавҳар ронда шуда, бо як фарзанд зиндагии худро аз нав сохтан мехоҳад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кӯтоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Таҳти сарлавҳаи “Бозии қисмат” қиссаи зане дарҷ гардидааст, ки шавҳараш бо баҳонаи бефарзандӣ зани дигар мегирад, вале дар рӯзи тӯйи шавҳараш ӯ хабари ҳомиладор шуданашро мефаҳмад…

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз хурдтарин усто дар Душанбе то дуэти Садриддин ва Зулайхо”-ро мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” таҳти сарлавҳаи “Бурак Озчевитро суд карданд?” дар бораи як мушкилие, ки дар ин шабу рӯз ба сари ин ҳунарманди маъруфи турк омадааст, маълумот дода мешавад.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Норасоии витамини Д дар кӯдакон чӣ хатар дорад?” оид ба оқибатҳои норасоии ин витамин маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Зери рубрикаи “Асрори зебоӣ” маводи “6 қоидаи интихоби малҳами аз офтоб муҳофизаткунанда” барои бонувоне таҳия гаштааст, ки нисбати нигоҳубин ва ҳолати пӯсти худ бетафовут нестанд.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *