Барномаи ҳамкориҳои Суғду Бодканд барои соли 2024 имзо шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти ҳайатҳои расмии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳайати Қирғизистонро намояндаи ваколатдор дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев ва ҳайати Тоҷикистонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагӣ карданд.
Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо муносибатҳои дӯстона миёни вилояти Суғд ва вилояти Бодканд таҳким ёфта, ба тақвияти ҳамкориҳо аҳмияти аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Зеро муносибати неки ҳамсоядорӣ омили асосии густариши робитаҳо ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқот санади Нақшаи чорабиниҳои муштарак миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон барои соли 2024 ба имзо расонида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ