Арзиши Рустам Ятимов муайян шуд

Арзиши дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов  аз рӯйи саҳифаи трансфермаркт ба 900 000 евро баробар гардид, ки ин боарзиштарин дарвозабон дар Осиё Марказӣ мебошад.

Дар ҷойи дуюм Уткир Юсуфов ва Абдувоҳид Неъматов аз Узбекистон бо 700 000 евро мебошанд.

Рустам Ятимов 25 сол дошта, соли 1998 дар Нижний Новгород ба дунё омадааст ва дар дастаи ҳамноми ҳамин шаҳр ба бозии футбол дар чемпионати Русия оғоз кардааст.

Аз соли 2018 дар дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *