Маҳдудият дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад

Дар роҳи Душанбе — Чаноқ як шабонарӯзи охир барфи пуршиддат борид. Ширкати IRS хабар медиҳад, ки аз ин сабаб муваққатан ҳаракати «фура» ва автомобилҳои боркаш дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ боз дошта шудааст.

«Сарфи назар аз бориши пуршиддати барф роҳи мазкур ҳоло кушода буда, ҳаракати нақлиёти сабукрав ва автомобилҳои боркаши притсепдор, таъмин аст», — хабар медиҳад ширкати IRS.

 Дар ҳамин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки давоми чанд рӯзи охир дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ҳодисаҳои тармафароӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, имрӯз дар ноҳияҳои тобеи кишвар обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва туман дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат ва рӯзона бидуни боришот ва туман пешбинӣ мешавад.

Ронандагоне, ки худро ба сафарҳои дур аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ омода мекунанд, аввал ба маълумоти обуҳавошиносон, КҲФ, ВКД ва дигар сохторҳои масъул диққат диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *