Дар ноҳияи Рашт мардеро барои латукӯби 4 фарзандаш ҷарима карданд

Суди ноҳияи Рашт як сокини ин ноҳияро барои латукӯби 4 фарзанди ноболиғаш 11 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима кардааст.
Тибқи иттилои расида, кӯдакон дар натиҷаи латукӯби падарашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд, ки муҳлати табобати онҳо беш аз 20 рӯзро дар бар мегирад. Суд мардро барои ин рафтораш 7 рӯз дар ҳабс нигаҳ дошта, барои иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ ё худ моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 13 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима кардааст. Баъди ба гуноҳаш иқрор шудан ва изҳори пушаймонӣ кардан суд аз маблағи умумии ҷаримаи таъиншуда 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо яъне 2 ҳазору 40 сомониашро кам кардааст.
Ҳамин тариқ, ин мард муваззаф шудааст, ки ба андозаи 170 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми 11 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима пардохт кунад. Баъдан ӯро аз толори суд раҳо карданд.
Бояд гуфт, ки ин мард соҳиби 14 фарзанд буда, дар ягон ҷо кор намекардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *