Барои чӣ бародарони Фараҳноз қаҳр карданд?
Меҳмони навбатии барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев овозхони ҷавон Фараҳноз Шарафова гашта, доир ба ҳаёту фаъолияташ суҳбат кардаанд.
— Ҳарчанд модарам санъатдӯст аст, вале падару бародаронам зидди ин роҳ буданд. Ҳатто вақте ки аввалин сурудамро нашр кардам, бародаронам бо ман ҷанг карда, қаҳр карданд, вале шукр, ҳоло ҳамааш хуб аст,- мегӯяд Фараҳноз дар аввали суханрониаш.
Фараҳноз нақл мекунад, ки ҳоло ҳам падар ва ҳам модараш беморанд. Падараш инсулт гузаронидаасту модараш бемории дил дорад.
Меҳмони барнома дар мавриди шавҳар кардан мегӯяд, ки ҳоло 19-сола аст ва агар ҷавони хуб пайдо шавад, омода аст тарки саҳна кунад.
— Орзуи ҳама духтар аст, ки хушбахт бошад. Ман ҳам чунин орзуро дорам ва агар нафаре пайдо шавад, ки ба хислати ман мувофиқ бошад, омодаам, ки ба якборагӣ тарки саҳна кунам. Боварӣ дорам, ки барои касе ҳамсари хуб ва барои нафароне модари хуб мешавам,- илова мекунад ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ