Раҷабалӣ Бояков

Беш аз 451 миллион сомонӣ қарзи барқ дар Хатлон

Феълан дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон қарзи барқ беш аз 451  миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин наздики 122 миллион сомонӣ қарзи аҳолӣ аст.

Раҷабалӣ Бояков — сармуҳандиси Филиали Ҷамъияти Саҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар” имрӯз, 7-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин қарз аз солҳои пеш аст. Ӯ мегӯяд, ки ташкилотҳои саноатӣ 5 миллиону 271 ҳазор сомонӣ, хоҷагиҳои пахтаркор 138 миллиону 166 ҳазор, корхонаҳои буҷети беш аз 24 миллион сомонӣ, Идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ зиёда аз 44 миллион сомонӣ, аҳолӣ 121 миллиону 705 ҳазор сомонӣ ва дигар қарзҳо 60 миллион сомониро ташкил медиҳад.

“Қарз зиёд шуда истодааст. Асосан қарзҳо дар моҳҳои декабр, январ ва феврал зиёд мешаванд. Шояд аз ҳисоби сардии ҳаво бошад”,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *