Барои куштору таҷовузу зулму таъзиқу фишорҳо кӣ бояд ҷавоб гӯяд?
Толибон ҳангоми тасарруфи шаҳру вилоятҳо аъзои ақалиятҳои миллӣ, қавмӣ , мазҳаби ва сарбозону афсарони нерӯҳои амниятиро шиканҷа ва ба қатл расонидаанд
Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) мегӯяд, ки дар моҳҳои ахири раҳбарии ҳукумати пешин ва қабл аз ҳокимияти Толибон, ҷиноятҳои ҷангии бисёре дар Афғонистон сурат гирифтааст ва бояд аз сӯи додгоҳҳи байналмилалӣ пайгирӣ шавад.
Дар ин гузориш, ки рузи 16-уми декабр нашр шуд, омадааст, ки қабл аз ба қудрат расидани Толибон, нерӯҳои амрикоӣ, Толибон ва нерӯҳои ҳукумати пешин ба ғайринизомиён осеб расондаанд.
Созмони Афви Байналмилал Додгоҳи байналмилии ҷиноӣ хостааст, ки амалкарди нерӯҳои амрикоӣ ва сарбозони ҳукумати пешинро дар таҳқиқоти худ роҷеъ ба ҷаримаҳои ҷангӣ дар Афғонистон, шомил намояд.
Ин дар ҳолест, ки Карим Хон, додгустари Додгоҳи байналмилаии ҷиноӣ ахиран гуфт, ки таҳқиқоти ин додгоҳ дар мавриди Афғонистон ба ҷиноятҳои ҷангии Толибон ва ДОИШ маҳдуд хоҳад буд.
Бар пояи ин гузориш, далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки бо вуҷуди ваъдаи афв, шиканҷа ва қатли одамон аз сӯи Толибон идома кардааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин гузориш, Толибон ҳангоми тасарруфи шаҳру вилоятҳо аъзои ақалиятҳои миллӣ, қавмӣ ва мазҳаби ва ҳамчунин сарбозону афсарони пешини нерӯҳои амниятиро шиканҷа ва ба қатл расонидаанд.
Дар ҷараёни ҷангҳои 20 соли ахир дар Афғонистон, ҳазорон нафар аз ғайринизомиён ҷон бохтанд ва захмӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ