Хуҷанд: Аксияи эмгузаронӣ дар Регистон

— Аз ҷониби Ситоди шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии бемории короновирус ҳамарўза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва аксияву тадбирҳои амалӣ ҷиҳати рафъи ин беморӣ сурат гирифта истодааст,- хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Бино ба иттилои манбаъ, бахусус даъвати мардум ба маъракаи эмгузаронӣ асоси фаъолияти аъзои ситоди шаҳрӣ гардидааст. Ин иқдомот барои хотима додан ба пандемияи COVID-19, коҳиш додани таъсири харобиовари иҷтимоӣ ва иқтисодии он ва беҳтар кардани омодагӣ ба вокуниш ба авҷгирии оянда идома хоҳад ёфт.

— Дар мавзеи Регистони бозори “Панҷшанбе” бо иқдоми Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби сироятшиносон, духтурони маркази саломатии №3, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ризокорон аксияи густурдаи эмгузаронӣ ташкил карда шуд. Давоми ташкили аксия беш аз 30 нафар шаҳрвандон ваксина гирифтанд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ки имрӯзҳо сокинони шаҳри Хуҷанд бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар хосатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории коронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Дар ин росто, мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3-юми июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман бояд ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *