150 ширкату корхонаҳо дар “Шаби арӯс” чӣ кор мекунанд?

Вазири саноати Тоҷикистон бо ноиби раисҷумҳури Туркия густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ кард

Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз масоили аслии музокироти Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо Фуат Октай, ноиби раисҷумҳури Туркия дар шаҳри Анқара буд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ тарафҳо зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Тарафҳо зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олиро дар ояндаи наздик таъкид намуда, баро густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ иқдоми ташкили бизнес-форуми Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Қунияро қобили дастгирӣ шумориданд”, — таъкид кардаст манбаъ ба  Sputnik. 

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз 16 декабр дар шаҳри Қунияи Туркия Бизнес-Форуми Тоҷикистон ва Туркия баргузор шавад.

Бизнес-Форум дар ҳошияи сафари расмии Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Туркия ва иштирок дар маросими 748-солагии маросими “Шаби арӯс” (ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) ба нақша гирифта шудааст.

Инттизор меравад, ки дар форуми мазкур намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла саноати фармасевтӣ, саноати нассоҷӣ, молияву бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок намоянд.

Ҳамзамон дар доираи Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор хоҳад гашт.

Қарор аст, дар ҳошияи чорабинии мазкур баимзорасонии чанд санади ҳамкорӣ сурат гирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *