“Барои мурда ашк резед, иҷозат аст…”

 

 

 

Дар нашриёти «Шарқи Озод” китоби «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нашр шуд, ки дар он тартиби баргузории маъракаҳои мотаму азодорӣ бар асоси иловаҳои ахир ба қонуни танзими расму ойинҳо зикр шудааст.

«Дар вақти видоъ барои тасаллии ботин гиря ва ашкрезӣ кардан иҷозат дода мешавад. Дод гуфтан, навҳа кашидан, хок бар сар задан, фиғон бардоштан, мӯйканию рӯйканӣ кардан ва овозхон (навҳагар) овардан манъ аст. Ба мардони азодор пӯшидани ҷомаи кабуд, дар сар гузоштани тоқӣ ва бо рӯймол бастани миён, ба занон рӯймоли калони кабудча (докаи сафед), куртаю поҷомаи васеи кабуд тавсия мешавад. Дар маросими азо пӯшидани либоси сиёҳ манъ аст.»

Ин китоб аз сӯи Шӯрои уламои Маркази исломӣ(собиқ муфтиёт), Кумитаи дин ва танзими расму ойинҳо ва Маркази исломшиносии Тоҷикистон барои чоп тавсия шуда, гуфта мешавад, ки матни он аз ташхиси давлатии диншиносӣ дар Кумитаи дин низ гузаштааст.

Дар китоб марги инсон амри воқеӣ ва ширкат дар гусели майит ба хонаи охират барои азодор, хешу табор ва наздикону ҳамсоягон вазифаи инсонӣ ва динӣ ва иштирок дар маросими ҷаноза амали солеҳ унвон шудааст.

Дар китоби «Тартиби маросими азодорӣ” кай гӯрондани ҷаноза, тартиби омода кардани қабр, ҷои қабр ва ҳаққи қабркан, чигуна шустану кафан кардани маййит низ нишон дода шуда, як банди китоб пиромуни омода кардани маййит барои дафн аст. Дар ин банд тартиби бастани манаҳи шахси фавтида ва маросими видои наздикон бо маййит зикр шудааст.

Гуфта мешавад, ки «дар вақти видоъ барои тасаллии ботин гиря ва ашкрезӣ кардан иҷозат дода мешавад.” Вале дар идома омадааст, ки дар маросими видоъ «дод гуфтан, навҳа кашидан, хок бар сар задан, фиғон бардоштан, мӯйканию рӯйканӣ кардан ва овозхон (навҳагар) овардан манъ аст. »

Дар китоб расми азодорӣ барои азодори асосӣ (падар, писар, хоҳар, додар, хешовандони наздик – ҷиян, тағо, амак) 3 рӯз муқаррар гардида, ба мардон вобаста ба урфу одати ҳар маҳал дар ин рӯзҳо «пӯшидани ҷомаи кабуд, дар сар гузоштани тоқӣ ва бо рӯймол бастани миён тавсия мешавад. Марди азодор метавонад танҳо тоқӣ монда, рӯймолро дар миёнаш бандад.

Барои зани азодор (модар, духтар, амма, хола, янга) рӯймоли калони кабудча (докаи сафед), куртаю поҷомаи васеи кабуд тавсия мешавад. Тибқи урф дар баъзе маҳалҳо занҳо ҷома пӯшида, миёнашонро бо рӯймол мебанданд, ки иҷозат мебошад. Тибқи урфу одати мардуми кишвар дар маросими азо пӯшидани либоси сиёҳ манъ аст.»

 

Гуфта мешавад, шумораи иштироккунандагон дар маросими намози ҷаноза маҳдуд нашудааст, вале дар вақти намози ҷаноза баландгӯяк мондан (ба ғайр аз дохили масҷид) ва зиёд сухан гуфтан манъ аст.

Дар китоб муддати зиёд нишастани фотеҳахонон дар хонаи азодорро бар хилофи одоб хонда, навиштаанд, «Баъди хондани дуову дуруд бо азодор хайрухуш карда, зудтар рафтани фотеҳахон мустаҳаб мебошад. Ҳарчи зудтар холӣ кардани макони таъзия ва ҳамроҳи хешовандони наздик вогузоштани шахси азодор савоб мебошад, то барои истироҳати ӯ ва пайвандонаш имкон фароҳам гардад.”

Гуфта мешавад, баъди ором гирифтани аҳли оила маросими тақсимоти мерос байни ворисони мурда бояд анҷом шавад: «Тақсимот тарзе анҷом дода меша­вад, ки байни фарзандон ихтилофро ба вуҷуд наорад.”

Бар асоси китоби «Тартиби маросими азодорӣ”, то се рӯз дар хонаи азодор забҳи чорво ва пухтани таом манъ аст: «Баъди серӯзагӣ ҷиҳати хотирҷамъии азодорон дар ҳудуди оила бо иштироки хешу таборони наздик вобаста ба маҳал як таоми сабук бе забҳи чорво дода мешавад. Баъди маросими «се” хешовандони наздики марҳум хонаи ӯро тарк менамоянд.”

Дар идома гуфта мешавад, ки «маросими «чил” ва «сол” бе маҳдудияти шумораи иштирок­чиён, бе додани таом ва бе забҳи чорво дар вақти барои азодор мувофиқ гузаронида мешаванд. Баъди се рӯз то ба як сол фотеҳагирӣ мисли панҷ, шаби ҳафт, шаби нӯҳ, рӯзи чил, шабҳои ҷумъа ва сол, ба истиснои хайрот ва рӯзҳои ид шаръан макрӯҳ ва бидъат буда, сиёсатан манъ аст.”

Ҳамин тавр, додани садақа дар назди гӯристону ҷойҳои дигар ба шахсони давлатманд, эшону саидзодаҳо ва имомхатибон ҳам манъ буда, ба ҷои ҳамаи ин, «ворисони марҳум метавонанд ба хотири гузаштагонашон ба ятимону бепарасторон, камбизоатон, беморон, муҳтоҷон ва мусофирон хайру садақа намояд ва ё маблағи садақаро барои корҳои ободонӣ, чоҳ кандан, об овардан, таъмиру тармими мактаб, ёрӣ ба хонаи пиронсолон, ятимхонаву интернатҳо, муассисаҳои тиббӣ ва дигар амалҳои нек сарф намоянд.»

Муаллифон дар анҷоми китоб навиштаанд, ки «тартиби мазкур мувофиқи аҳкоми шариат, мутобиқи фармудаҳои мазҳаби ҳанафӣ ва урфу одатҳои миллӣ барои ҳар фарди мусулмон пешниҳод шуда, иҷро гардидани он зарур ва амри воқеӣ мебошад.”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *