Барои нафақагирон кори 130-ҳазоррублӣ пайдо шуд
Яке аз баландтарин маошҳоро барои нафақагирони Русия (то 130 ҳазор рубл дар як моҳ) омодаанд ба кафшергари қубурҳои полиэтиленӣ дар Карелия пардохт кунанд. Дар ин бора хабаргузории «Известия» бо такя ба тадқиқоти «Rabota.ru» хабар додааст.
Хадамот базаи ҷойҳои кории холиеро, ки барои ба кор гирифтани нафақагирон ва одамони синни пеш аз нафақа розй ҳастанд, омӯхтааст. Дар ин рӯйхат пешниҳодҳое низ оид ба маоши аз 100 ҳазор рубл зиёд ҷой доранд.
Муҳандис — бинокори институти лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ дар Екатеринбург, ки маълумоти олй ва камаш ду сол собиқаи корӣ дорад, метавонад то 100 ҳазор рубл ба даст орад.
Қаблан маълум гардида буд, ки нафақагирони Русия ба ҳисоби миёна 41,7 ҳазор рубл маошро интизоранд. Дар баробари ин, ҳиссаи дархости нафақагирон дар ҳаҷми умумӣ ҳамагӣ як фоизро ташкил додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ