Дар Кӯлоб филиали “Саноатсодиротбонк” ифтитоҳ шуд

17-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон маросими кушодашавии филиали корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” баргузор гашт.

Тавре бонки мазкур иттилоъ додааст, дар ифтитоҳи филиал раиси Раёсати КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Бобозода Ҳ. Ҷ., иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Б. Х. ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намудаанд.

— Ба фаъолият оғоз намудани филиалҳои бонк дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи Нақшаи кории бонк дар соли 2021 сурат гирифта, ифтитоҳи филиалҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ дар назар дошта шудааст,- зикр мекунад манбаъ.

Бояд гуфт, ки филиали мазкур моҳияти минтақавӣ дошта, аз 5 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла, мудир, шуъбаи ҳисобдорӣ, қарзӣ ва қисми амалиётӣ иборат аст. Филилаи Бонк дар минтақа ҷиҳати афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ ба бахши соҳибкории истеҳсолӣ нақши муҳим бозида, барои корхонаҳои навтаъсис, амалкунанда, соҳибкорони инфиродӣ, банду баст ва нигоҳдории молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Маврид ба ёдоварист, ки бо кушода шудани филиали мазкур 12 нафар мутахассисони ботаҷрибаи маҳалӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *