Барои пайдо кардани ду сокини Панҷакент кумак расонед!

Баҳовиддин Ҳайдаров, соли таваллудаш 1974 ва писари ӯ Аловиддин Ҳайдаров, соли таваллудаш 1997, сокинони деҳаи Гузари Моғиёни шаҳри Панҷакент, ки рӯзи 27-уми августи соли 2023 бо мошини “Тойота Ленд Крузер”, рақамаш 2222, ба тарафи пойтахт сафар мекарданд, дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе бедарак шудаанд.

Бо гузашти ду шабонарӯз наздикони ин падару писари бедаракшуда то ҳанӯз ягон иттилое дар бораи куҷо шудани онҳо пайдо накардаанд.

Рӯзи 29-уми август гурӯҳе аз сокинони Моғиён, тақрибан 60 нафар, ба ҷустуҷӯи Баҳовиддин Ҳайдаров ва писари ӯ Аловиддин баромадаанд.

Агар ин падару писарро дар ягон ҷо дида бошед ва ё дар бораи куҷо будани онҳо маълумоте доред, бо ин рақам хабар диҳед: +992 90 757 3990.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми август дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе дар натиҷаи борони пуршиддат селу сангфароӣ ба қайд гирифта шудааст.

То имрӯз дар бораи дар ин селу боришот ба ҳалокат расидани 17 нафар, аксаран сокинони деҳоти атрофи шаҳри Ваҳдат хабарҳо ба даст расидаанд.

P.S. Моро дар телеграмканал пайгирӣ намоед: https://t.me/pressatjk

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *