Барои Шералӣ Табаров ҳукми зиндон умрбод талаб карданд (Видео)
Додситонии кулли Русия хабар дод, ки рӯзи 18 декабр аз додгоҳ барои нахустин бор барои раҳбари як шабакаи қочоқи маводи мухаддир ҳукми зиндон умрбод талаб мекунад. Шералӣ Табаров, мулаққаб ба «Шер” ва 14 шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба қочоқи беш аз ҳудуди 600 кило ҳероин айбдор мешаванд.
Додситонии кулли Русия бо нашри як видео бо номи «Шери умрбод” хабар дод, ки додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 18 декабр ба эълони ҳукми 15 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир оғоз мекунад. Аъзои ин шабакаи қочоқбар дар маҷмӯъ ба қочоқи ҳудуди 600 кило ҳероини афғонӣ дар солҳои 2012 – 2015 айбдор мешаванд. Ба гуфтаи тафтишот, аъзои ин шабака аз ҷумла дар 4 маврид аз 105 то 1190 кило ҳероин ва дар чанд мавриди дигар то 20-килоӣ ҳероинро ба қаламрави Русия интиқол додаанд.
Александр Куренной, намояндаи расмии додситонии кулли Русия дар ин видео гуфт, айбдоркунандаи давлатӣ дар ин мурофиа барои нахустин бор аз додгоҳ барои яке аз раҳбарони ин шабакаи қочоқбар – Шералӣ Табаров, ки бо лақаби «Шер” маъруф аст, ҳукми зиндони умрбод талаб мекунад: «Додситонӣ преседент месозад. Мо ба додгоҳ пешниҳод мекунем, ки яке аз раҳбарони яке аз бахшҳои сохтории ин гурӯҳи ҷиноӣ Шералӣ Табаров ба ҳабси абад маҳкум шавад.”
Додситонии кулли Русия мехоҳад барои 14 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадо ба қочоқи маводи мухаддир айбдор мешаванд, аз додгоҳ аз 6 то 25 сол ҳукми зиндон талаб кунад.
Бино ба ин гузориши видеоии додситонии кулли Русия, Шералӣ Табаров, мулаққаб ба «Шер” дар соли 2003 аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Инзинский вилояти Уляновски бо айни ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯро баъдан бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба зодгоҳаш истирдод карданд.
Вале, мегӯяд Александр Куренной, «Шералӣ Табаров баъди чанде аз маҳбаси Тоҷикистон озод шуда, бо шиносномаи қалбакӣ чанд дафъа ба Русия сафар кард ва аз нав раҳбари гурӯҳи ҷиноие шуд, ки ба қочоқи ҳероин аз Афғонистону Тоҷикистон машғул буд.”
Бино ба маълумоти мақомоти додситонии Русия, гурӯҳи «Шер” маводи мухаддирро дар мошинҳои боркаш дар даруни олучаву харбуза бор карда, бо роҳҳои қочоқӣ ба Русия меовард.
Шералӣ Табаров дар соли 2014 боздошт шуд, вале баъди дастгир шудани ӯ тақрибан як соли дигар шабакаи қочоқбари сохтааш таҳти раҳбарии шаҳрванди дигари Тоҷикистон Саидҷамол Қурбонов ба фаъолиятҳои қочоқиаш идома додааст.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири «афғонӣ” – ҳероин, афюн ва ҳашиш – табдил ёфтааст. Ҳар сол дар ҳудуди Тоҷикистон аз қочоқбарон беш аз ду тонна маводи мухаддир ёфт ва мусодира мешавад, вале боз ҳам миқдори бузурге аз ин «вабои аср” тавассути шабакаҳои қочоқбар ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия қочоқ мешавад.
Дар ҳоли ҳозир, дар зиндонҳои Русия беш аз 8000 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Тақрибан сеяки онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир маҳкум шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ