Ҷони писари Дилноза Каримова дар хатар аст?

Овозхони шинохтаи тоҷик Дилноза Каримова, ки бо табассуми малеҳаш дар ёди мухлисони худ нақш бастааст, имрӯз дучори рӯзи сахт шудааст. Дилноза барои табобати писари шашсолааш Диёрбек, ки гирифтори бемории саратон шудааст, ба кумаки Шумо ниёз дорад. 

Даъват барои ҷамъоварии кумак барои фарзанди овозхони шинохта Дилноза Каримова дар сомонаи http://hit.tj – Музыкальный Портал Таджикистана – ва ҳам дар саҳифаи футболбози маъруфи тоҷик Ҷаҳонгир Эргашев дар Инстаграм нашр шудааст. Ҳамин тавр, даҳҳо нафар аз ҳунармандони дигари тоҷик аз мардум даъват кардаанд, ки дар ин рӯзи сахт дар паҳлуи ин возхони маҳбуб бошанд ва ӯро дастгирӣ кунанд.

Дилноза Каримова дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ мекунад. Дилноза дар ибтидои солҳои 2000-ум ба ҳунарнамоӣ оғоз кард ва дар як муддати кӯтоҳ дар дили мардум ҷой гирифт. Ҳам бо садои ширину ҳусни зебояш ва ҳам бо табассуми малеҳу нотакрори худ. Аммо ҳоло рӯзҳое ба сари ин хонанда омадаанд, ки ӯ он табассуми ҳамешагии худро кушта, фақат дар фикри наҷоти фарзанди ҷигарбандаш мебошад.

Дар сомонаи «Музыкальный Портал Таджикистана” навиштаанд:

Дилноза Каримова , ки ҳамагон дӯсташ медоранду эҳтиромаш мекунанд.
Ӯ пайваста байни мардум аз меҳру муҳаббат суруд мехонаду дилҳои ҳамагонро шод месозад.
Ӯ лаҳни ширин дораду ҳамеша дар сӯҳбат бо табассум ҳарф мезанад.
Дилноза имрӯз дур аз Шумову ба кӯмаки Шумо ниёз дорад.
Сабаби дур аз Шумо буданаш ин дарди ҷонкоҳи писарчааш Диёрбек Аминҷонови 6-сола аст.
Ҷигарбанди Дилноза Диёрбек гирифтори бемории саратон шудаасту айни ҳол онҳо дар Қирғизистон табобат мегиранд.
Мо мутмаинем, ки мардуми саховатпешаву хайрхоҳи кишвар дар рӯзҳои вазнин ҳамроҳи Дилноза Каримова ҳастанд ва мо ҳама дар якчояги коре анҷом медиҳем, ки ӯрову Диёрбеки ҷигарбандашро хушҳол намоем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *